Тафаккури ҷавононро аз падидаҳои номатлуб ҳифз дорем!

Афзоиши ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта, ҷалби ҷавонон ба сафи ин созмонҳо ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳона дар нуқоти гуногуни сайёра боиси нигаронӣ гардидааст. Мавҷудияти муаммои зикргардида ҳамчун доғи рӯз муаррифӣ гардида, ба ташвиш овардааст. Имрӯз созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ беш аз 500 ададро ташкил дода, ҳамаи онҳо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои муғризона ва нопокиро доранд.

Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд, дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.

Ҳуҷуми гурӯҳи террористӣ ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод», ки бо истифода аз силоҳи оташфишон шаби 6-уми ноябри соли 2019 ба вуқӯъ пайваст, аз ҳамин гуна амалҳои даҳшатовар ба ҳисоб меравад.

Ин ҳодиса касро ба андеша водор месозад: чаро аъзои гурӯҳҳои эктремистиву террористӣ баъзан аз ҳисоби занон, ҷавонон ва  наврасону нобилиғон ва, ҳатто, оилавӣ худро ба куштор медиҳанду дигаронро низ аз ҳаёт маҳрум месозанд? Чаро арзишҳои инсонӣ, фарҳангӣ барои онҳо қадре надорад? Дар асл  инсон экстремист ва ё террорист таваллуд намешавад, вале аз ӯ экстремисту террорист омода месозанд...

Гурӯҳҳои ифротӣ аввал шаҳрвандон бахусус ҷавононро ба доми худ фирефта месозанд ва баъдан ононро баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон истифода мебаранд. Мақомоти қудратӣ террористонро метавонад, ки ҳангоми даст ба ҷиноят заданашон дастгир кунанд ва ё безарар гардонанд, аммо дар марҳалаи аввали фирефта гаштани онҳо аз ҷониби мубаллиғон ва ё шабакаҳои интернетӣ ба ҳаракатҳои террористӣ кор пӯшида мемонад.

Инсони комилу огоҳ мӯрчаеро ҳам наметавонад озор бидиҳад, аммо чӣ тавр инсон ба қотили худкуш, ба террорист табдил меёбад.

Муҳаққиқони терроризм ва экстремизм аз ҷиҳати равонӣ тафаккури террористонро ба риштаи баррасӣ ва таҳлил кашида, ба ду масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардаанд, мароқзоҳиркунии беандоза ба ин амал ва ғояи воқеан худро қаҳрамон ва фидоӣ шинохтани онҳо.

Дар замони кунунӣ баҳри ба вуҷуд овардани таваҷҷуҳ ва мароқзоҳиркунӣ дар гурӯҳи муайяни одамон дар ҷомеа эмиссарҳо, мубаллиғон (таблиғгарони ин падидаи номатлуб) ва дигар ниҳодҳои аз таълимоти махсус гузашта фаъолият мебаранд. Дар ин росто, барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мегардад. Бояд гуфт, ки тавассути компутер метавон дар як сония ба 10 ҳазор нафар мактуби тарғиботӣ ирсол намуд.

Насли наврас дар иҳотаи тарзи ҳаёти дунявӣ ба воя мерасад. Дар чунин ҳолат ғояи сохта, метавонад барои ҷалб гаштани инсони бетаҷриба ва ноогоҳ ба гурӯҳҳои террористӣ мусоидат намояд.

Мубаллиғони ифротгароӣ дар байни ҷавонон бештар барои таблиғи ғояҳои худ ва ҷалби онҳо ба сафҳояшон кӯшиш мекунанд, зеро дар ниҳоди онҳо алҳол «ман»-и худияшон инкишоф наёфтааст.

ҳоло зарурат ба миён омадааст, ки аз ҷониби олимону донишмандони ришта­ҳои мухталифи илмҳои ҷомеашиносӣ дар байни ҷомеа, аз ҷумла ҷа­вонон, дар самти муқо­вимат бо ташкилоту созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷиҳати омӯзиши замина­ҳо ва сарчашмаҳои зуҳури ин падидаҳо корҳои муҳими илмӣ анҷом дода, дар самти роҳу равишҳои муқовимат ба экстремизм ва тер­ро­ризм пеш­ниҳодҳои мушаххаси хешро бо ҳадафи коҳиши хатар­ҳои он дар ҷомеа изҳор доранд, баҳри бунёди ҷомеаи мутамаддин заминаи созгор гузоранд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол сиёсати дарҳои кушодро пеш гирифта, бо созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ аз қабили СММ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ғайра ҳамкории тарафайн муфид ва барои ормонҳои инсоният ҷавобгӯро ба роҳ мондааст. Дар доираи ҳамин сиёсат мубориза алайҳи терроризму экстремизм, тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои трансмиллӣ дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷомеа талаб менамояд баҳри таъмини осоиштагии мардум, бехатарии минтақа табдирҳои муҳим минбаъд низ пиёда гардонида шаванд.

Ҷамшед ҶӮРАЗОДА,
доктори илмҳои таърих, профессор,
ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

Add comment


Security code
Refresh