Зуҳуроти номатлубро пешгирӣ мебояд

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти аз ҳама ташвишовари замони муосир ба шумор меравад, ки мутаассифона, тамоми ҷомеаро фаро гирифта, яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир гардидааст.

 Чуноне, ки ҳар як зуҳурот ё ҳаракат заминаи пайдоиши худро дорад, терроризм низ омилҳои пайдоиши худро доро мебошад. Шакли ибтидоии пайдоиши он ифротгароӣ ё тундгароӣ аст. Ифротгароӣ маънои даъват кардан ба нооромиро дорад. Агар ин амалҳо пешгирӣ шаванд, бовар аст, ки терроризм ва хавфи он дар ҷомеа камтар мешавад.

Мушоҳидаву таҳлили вазъи ҷомеа нишон медиҳад, ки сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ ин, сатҳи пасти дониши динӣ ва дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ, фаъолияти динии мубаллиғони хориҷӣ ва ғайраҳо мебошад.

Илова бар ин, ташкилоту ҳаракатҳои экстремистӣ, ки барои расидан ба ғаразҳои сиёсӣ аксар махфӣ фаъолият мебаранд, ба тори нозуки эътиқоди мардум нохун мезананд. Зеро медонанд, ки масъалаи имон масъалаи ҳассос аст ва ба тариқи он мардумро фирефтан осон аст. Яъне, дини мубини Исломро барои ноил шудан ба хостаҳояшон истифода мебаранд.

Мутаассифона, баъзан ҳолат найрангҳои ифротгароён натиҷа ҳам медиҳад, чунки бештар барои расидан ба ҳадафҳояшон насли ҷавон ва корноозмудагонро ҷалб мекунанд. Онҳо медонанд, ки ҷаҳонбиниву фаҳмиши ҷавонон нав ташаккул ёфта истодааст ва ҳар масъалаеро, ки ба онҳо талқин кунед, эҳтимоли пайравӣ ва бовар карданашон бештар аст. Масъалаи ҳушёрии сиёсӣ ва лаёқати таҳлил кардану муқоиса намудан ва ё чизеро надониста, пайравӣ накардан ба ақидаи ҳар кас маҳз барои ҳамин таъкид шудааст, ки ҷавонон бепарво набошанд. Аммо, афсӯс, ки баъзе ҷавонон ин таъкидҳоро чандон ҷиддӣ қабул намекунанд.

Албатта, ба якборагӣ аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб кори осон нест, вале омилҳоеро, ки барои ба вуҷуд омадани терроризму экстремизм замина фароҳам овардаанд, дар алоҳидагӣ бартараф кардан мумкин аст. Дар ин роҳ қадами аввал ҳарчӣ бештар саводноку бомаърифат намудани ҷавонон, сипас, таъмини ҳар як ҷавони бомаърифат ва соҳибтахассус бо ҷойи кор мебошад. Зеро собит шудааст, ки мушкилии аксарияти шомилшудагон ба сафи ҳаракатҳои экстремистӣ маҳз муҳтоҷиву дастнигарӣ аст.

Ҳар як фарди ҷумҳурӣ, бахусус мо – ҷавононро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа фаъол бошем.

Яъқуб ҲОШИМЗОДА,
донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес
ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh