Пешгирии экстримизм дар байни ҷавонон - вазифаи дастаҷамъонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ

Вақте сухан аз амният, субот, рушд ва тараққиёти ҷомеаву давлат  меравад, бидуни шак, зеҳни шахс хатарҳои зидди ин арзишҳо равонашударо низ таҳлил мекунад ва дар асоси он маълум мегардад, ки ҳар як арзиши дар ҷомеа буда дар сурати онро ҳифз накардан, саҳлангорӣ намудан, баҳри ҳифзи он ҷаҳд нанамудан метавонад осебпазир гардад. Инак, чӣ метавонад ба чунин арзишҳое аз қабили амният, субот, рушд ва тараққиёт халал эҷод кунад, онҳоро аз байн барад ва ҳамзамон фазои ҷомеаро гардолуд гардонад ? Албатта, хатару чолишҳо дар дунёи муосир зиёданд ва ҳар яки онҳо ба ин арзишҳо зиёноваранд, аммо хатари вуҷуд дорад, ки худ дар алоҳидагӣ метавонад ба дилхоҳ арзишҳои ҷомеаи муосир осеб ворид кунад ва он экстремизм аст.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм” ин мафҳум чунин мушаххас шудааст: “ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани наҷодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ”, мебошад. Илова бар ин, экстремизм – шакли муборизаи ягон гурӯҳе бо роҳи хушунат аст. Он татбиқи мустақими нигаришҳои идеологии роҳбарони маънавию сиёсии ин ё он гурӯҳ ва созмон аст. Ин маънои онро дорад, ки амалкардҳое, ки барои ҷомеа хатарнок ҳастанд, асоси худро дар ҷомеа ҳамчун ғояе пайдо мекунанд, ки метавонад дар шаклҳои гуногун паҳн шавад. 

Бо назардошти виҷагиҳои сину солӣ, камолот, равонию ҷаҳонбинӣ ҷавонон дар доираи ҷалб гардидан ба гуруҳҳои экстримистию тундгаро ва хушунатомез зиёдтар осебпазиранд. Ва гуруҳҳои экстримистӣ ҳаминро ба инобат гирифта, барои амалӣ намудани амалҳои нопоки худ зиёдтар тавваҷҷуҳ ба ин гуруҳи аҳолӣ доранд. Бо назардошти ҳамин нукта дар Тоҷикистон “Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” амал мекунад.

Дар Стратегияи мазкур қайд мешавад, ки таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризм собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯиро ба бартараф намудани омилҳои мафкуравӣ, иқтисодӣ - иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашуда тақозо менамояд. Масалан гуфта мешавад, ки насли ҷавон, ки даҳшат, вазнинии тоқатфарсо ва маҳрумиятҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-умро аз сар нагузаронидааст, дар сурати таҳти таъсиррасонии шадиди унсурҳои ифротгаро қарор гирифтан, метавонад зӯровариро ҳамчун воситаи худнишондиҳӣ бипазирад, ки тамоюли зиёдшавии сатҳи шомил шудани ҷавонон ба созмонҳои экстремистию террористӣ аз ин гувоҳӣ медиҳад.

Албатта, умдатан, пешгирӣ ва барои экстримизм муайян намудани ҷазо, татбиқи он ва чораҷӯӣ намудан бар зидди он ин яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти марбутаи давлат ва ба виҷа мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Аммо дар баробари онҳо, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд дар асоси қонунгузорӣ ва ҳадафҳои оинномавии худ аз ин раванд қафо намонанд ва нерӯӣ худро ба муқовимати ин падидаи манфӣ босамар ва касбӣ истифода намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар ин самт албатта аз ҷониби онҳо фаъолиятҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст ва имрӯз метавон гуфт, ки як таҷрибаи хуби ҳамкорӣ ва мушоракати ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ оид ба муқовимат бо экстремизм имрӯз дар Тоҷикистон шакл гирифта истодааст. Вале ҳамзамон он самаранокӣ ва истифодаи роҳу усулҳои гуногун ва пешрафтаро тақозо дорад ва дар ин ҳошия албатта таҷрибаи ғании ҷаҳонӣ низ бояд ҳатман истифода шавад.

Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд василаҳои гуногун ва нарми пешгирии идеологияи экстримистиро истифода намоянд. Ва яке аз самтҳои хуби ҳамкорӣ метавонад густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф бошад. Дар ин ҷода имконоти истифоданашуда хеле зиёданд.  Ин нукта дар Стратегия низ ифода ёфта муҳимияти он таъкид гардидааст. Гуфта мешавад, ки зарфиятҳои соҳаи маориф оид ба огоҳонидани мафкураи тундгароӣ ва тарбияи асли таҳаммулгароӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ба андозаи кофӣ истифода намешавад. Ба огоҳонидан аз тундгароӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон мебояд аз синну соли томактабӣ ва мактабӣ, ки  дар замири кӯдак ҳисси муҳаббат ба Ватан ва ватанпарастӣ ташаккул меёбад, машғул шуд. Дар мактабҳо бояд фанҳое омӯхта шаванд, ки мактаббачагонро дар рӯҳияи эҳтиром ба инсон ҳамчун шахсият, новобаста аз мансубияти миллӣ ё мазҳабии ӯ тарбия намуда, шароит фароҳам оварда шавад, ки кӯдакон тавонанд ба селоби иттилооти манфӣ вокуниши дуруст нишон дода, аз таъсири он худро ҳифз намоянд.

Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан ташкилотҳои ҷамъиятӣ имконоти пешниҳоди дониш ва малакаҳои аз ҳамсол ба ҳамсолро  имрӯз хуб дарк мекунанд ва таҷрибаи хуберо низ дар ин самт андӯхтаанд. Бидуни шак, шарти муҳими пешгирии тундгароӣ ва экстремизм дар байни ҷавонон сафарбаркунии худи онҳо ба корҳои огоҳонӣ бо ҳамсолони худ мебошад. Яъне вақте ин усул аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ босамар истифода шавад мо метавонем ба натиҷаҳои мусбии дилхоҳ расем. Гирифтани иттилоот ва таҷрибаи муваффақ аз ҳамсоли худ методи босамари таъсиррасонӣ ба шуур ва ҷаҳонбинии ҷавон мебошад, бо дигар сухан аз суханҳои зиёди назариявӣ як таҷрибаи амалии возеҳи ҳамсоли ӯ ба зеҳни ҷавон зудтар таъсир мекунад ва ин нукта бояд ҳатман ба инобат гирифта шавад.

Яке аз таҷрибаи мусбие, ки ташкилоти ҷамъяитӣ метавонанд аз он ҷиҳати пешгирии ақидаҳои экстримистӣ истифода намоянд ин аҳамияти хоса додан ба рушди ҷавонон мебошад. Яъне имрӯз  мо бояд ба имконоти оне, ки як ҷавони тоҷикистонӣ барои амалӣ намудани захираҳои инсонии худ дорад аҳамияти хоса диҳем. Афкоре вуҷуд дорад, ки нишон додани аксу манзараҳо ва филмҳои пешгирикунандаи пур аз тарс ва ваҳшат аз нуқтаи назари равоншиносӣ барои психикаи ҷавон зарар дорад ва метавонад натиҷаҳои манфӣ диҳад. Барои ҳамин хубтар, босамартар ва аз нуқтаи назари равонӣ безарартар мебуд, агар мо таҷрибаи имконоти рушди мусбати ҷавононро вобаста аз имконоти дар Тоҷикистон буда муаррифӣ намоем. Яъне, ҷои наворҳои пурваҳшат мо диқкати ҷавонро ба он имконоте, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди нерӯи инсонии ҷавонон  вуҷуд доранд ҷалб намоем. Дар ин сурат дар ҷавон тафаккури интиқодӣ ва интихоби солим шакл мегирад, ки ин, бешак, ба фоидаи кор аст.  

Дар ниҳояти баррасии ин мавзӯи доғ ба як омил аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад, ки пешгирӣ, муқовимат ва пешгирии экстремизм танҳо вазифаи давлат ва мақомоти он нест, тамоми нерӯҳои солими ҷомеа дар рафъи ин мушкилоти хатарзо бояд паҳлӯи ҳам истода, дар амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмӯи ҳисси ҳамшарикӣ ва тафоҳум дошта бошанд. Дар ин сурат мо метавонем муқовимат бо идеологияи экстримистиро ба сатҳи боло бардошта, саҳми ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва махсусан ташкилоти ҷамъяитиро дар ин самт босамар ва қавӣ намоем.

Муллоев Дилшод,
номзади илми ҳуқуқ, коршиноси масоили сиёсӣ

Add comment


Security code
Refresh