“Ихвон-ул-муслимин” созмони ифротгаро

 

 

 

Созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар кишвари Миср ба вуҷуд омадааст ва бино бар маълумот баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 500 ҳазор нафар аъзо дошт. Бинобар иттилооти сомонаҳо ҳадафи асосии ин созмон барҳам додани давлатҳои ғайриисломӣ дар кишварҳои олам ва таъсиси давлатдории исломӣ дар ҳудуди мамлакатҳои мусулмоннишин мебошад. Дар чанд даҳсолаи охир ин созмон фаъолияташро дар кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ҷоннок кард ва ҳамоно мақсади ниҳонии он ба вуҷуд овардани хилофати ҷаҳонӣ ба боқӣ монд.

Созмон фаъолияти мазҳабӣ ва сиёсӣ мебарад. Фаъолияти созмони номбурда соли 2003 дар Федератсияи Россия, соли 2006 дар Тоҷикистон, Сурия, Урдун ва мамлакатҳои дигар ба хотири террористӣ ва экстремистӣ буданаш манъ гаштааст. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ташкилоти мазкур ба таври пинҳонӣ ва ошкоро дар кишварҳои мухталиф фаъолият мебарад. Барои расидан ба ҳадафҳои худ намояндагон ва ё мубаллиғони ин созмон тарғибу ташвиқоти худро барои сохтани давлат ва идоракунии исломӣ равона кардаанд. Дар таълимоти худ онҳо ғояи идоракунии одилона, адолатро шиор кардаанд, ки ин боиси зуд ба сафҳои ин созмон дохил гаштани ҷавонони камтаҷриба ва ё малакаи таҳлилӣ надошта мегардад.

Дар худи Миср, ки  ин созмон дар ин ҷо таъсис дода шудааст, ҳизби озодӣ ва адолат бо дастгирии созмони “Ихвон-ул-муслимин” таъсис ёфта буд ва соли 2011 намояндаи ин ҳизб Муҳаммад Мурсӣ президенти давлат интихоб мегардад. Аммо дар муддати накамтар аз як соли роҳбарияш аз идораи давлат барканор мегардад ва ба зиндон мефарояд. Ба ӯ барои ҳамкорӣ бо ташкилоти Ҳамос барои ҳамла ба кормандони полис, барои аз зиндонҳо гурезонидани пайравони созмонашон ва амсоли инҳо айб эълон карда буданд.

Ихвониён дар фаъолияти худ ба бисёр амалҳои террористӣ даст задаанд ва барои ҳамин ҳам дар баъзе кишварҳои араб онҳоро «ихвон-уш-шаётин» - бародарони шайтон ҳам номидаанд.

Воқеан, пайравони созмони номбурда, ғояҳои онҳо барои амнияти давлатҳо хатарнок буда, бесабаб онро дар аксар кишварҳо террористӣ эълон карда, фаъолияташро манъ накардаанд.

И.РАҲИМОВ, 
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh