Хоин Ватан надорад!

Мақолаи номзади илми фалсафа, директори Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Баҳоваддинов Назар Муъмин Абдуҷалолро аз самонаи интернетии www.tnu.tj  мутолиа намуда, бори дигар мутмаин гаштам, ки шуруъ аз солҳои 90-ум то кунун ҳодисаю воқеаҳое, ки барои барҳам задани сулҳу суботи кишвари мо ба амал меоянд, ҳақиқатан, ҷанбаи таҳмилӣ доранду бо дасти бегонагон дар хориҷи кишвар тарҳрезӣ карда мешаванд.

ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ манбаъ ва такягоҳи боэътимоди манфиатҳои Эрон дар марзи Тоҷикистон ба шумор мерафт. Фаъолияти зиддимиллӣ ва хоиниҳои он боиси сар задани ҷанги бародаркуш, хисороти то ҳанӯз эҳсосшаванда ва фирору марги зиёди ҳамватанон гардид. Гарчи Эрон аз тарафдории бармало ва ошкоро худдорӣ менамуд, шабаҳи бозиҳои пасипардагии он бешубҳа эҳсос мегардид.

Ҳар як тоҷик медонад, ки мо бо давлати Эрон қаробати наздик дорем. Таъриху адабиёт ва фарҳанги муштарак моро бо ҳам овардааст. Дар қадамҳои нахустини истиқлолиятхоҳӣ дидаю дониста ба сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахолат намудан аз рӯйи инсоф нест. Хоинони миллатро парвариш намуда, рӯзгори мардуми моро тира намесохт.

Бо вуҷуди далелу исботҳои бешумори хоинӣ баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба хотири суботи саросарӣ дар кишвар ба ин созмони ифротгаро  бори дигар имконият ба фаъолият дода шуд. Баъди ин гузашт мебоист, онҳо аъмоли худро дигар мекарданд, дар созандагию ободкории Ватан иқдом мегирифтанд. Вале ин тавр нашуд...

Дар зери ҳимояи Эрони охундӣ онҳо фаъолтар гаштанд. Ба ҷойи хиште гузоштан дар бунёди иморати истиқлолияти Ватан ба амалҳои ноҷавонмардонаи худ идома бахшиданд. Ба ҷуз зиёд кардани сафи аъзо, маҷлису машваратҳои рустию ошкоро, мағзшӯйии мардуми осебпазир, савлату кибру ғурур аз ҳисоби садақаҳои хоҷагони хориҷӣ дигар коре надоштанд. Онҳое, ки ҳамсафонашон набуданд, агар бародару хоҳарошон бошанд ҳам, бо чашми бад дида, бовар намекарданд. Барои ба мақсадҳои ниҳоии хабиси худ ноил гардидан, аз ягон роҳу восита рӯй намегардониданд. Кор то ба дараҷае расид, ки дар баъзе навоҳию деҳот мардум саросар ба ҳизби онҳо гаравиданд. Нафари беҳизбиро ҳатто одам намеҳисобиданд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2015, ки ба он сахт умед доштанд, тарбуз аз бағалашон афтид. Бо дастгирии бевоситаи молиявии Эрон нақшаи табаддулоти давлатӣ, ки бояд бо дасти генерал Абдуҳалим Назарзода ба иҷро мерасид, кашида шуд.

Хушбахтона, тири хоинон хок хӯрд. Дар қатори дастандаркоронаш чанд гумоштаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дастгиру ҳабс шуданд. Оқибат фаъолияти ҲНИ ҳамчун ТТЭ 29 - уми сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон манъ карда шуд.

Вале душманони миллат ва хоҷагони лӯхтакбози онҳо аз аъмоли зишти худ хулоса намебароранд. Имрӯз ҳамаи пешвоёни сиёсии ТТЭ ҲНИ дар мамлакатҳои ғарб аз ҳисоби маблағгузории давлати Эрон зиндагӣ мекунанд.

Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ,
директори МТМУ  №25-и шаҳри Исфара

Add comment


Security code
Refresh