Ба тақдири ҷавонон бетараф набошем!

Мардуми тоҷик то имрӯз нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандиро фаромӯш накардааст. Аммо имрӯзҳо як зумра хоинони Ватан андешаи аз сари нав ноором кардани сулҳу суботи кишварро доранд ва мардуми диёр, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.

Аслан самти характерноки амали гурӯҳҳои ифротӣ  дар ҷалбсозии ҷавонон, гумроҳ кардан ва ба роҳи хиёнаткорӣ ҳидоят намудани ҷавонони сустирода зоҳир мешавад. Нодида гирифтани рафтори ношоистаи ҷавонон аз ҷониби аҳли ҷомеа гузашт кардан ба қадамҳои хатои онҳо, беэътиборӣ ба рафтори онҳо оқибати боз ҳам ногувортарро оварданаш мумкин аст.

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонони аз маърифат канор монда ва камҷуръат ба гурӯҳҳои ифротӣ  бояд байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ба онҳо ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳои тундравро фаҳмонем. Аз ин нуқтаи назар дар ин сам томили асосӣ аввалан дар муҳити оила бошад, ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеа низ нақши калон доранд.

Барои татбиқ ва амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки санади давлатии дорои аҳамияти миллӣ мебошад, механизмҳои иловагиро андешидан ба мақсад мувофиқ мебошад, зеро баланд бардоштани масъулияти ҳуқуқии волидайн барои рафтори ношоиста ва кирдору амалҳои хилофи қонун равона шудаи фарзандони маърифаташон суст, муайян кардани сатҳи ҷавобгарии онҳо дар назди ҷомеа дар мадди назар бояд қарор гирад.  

Дар масъалаи суст намудан, бартараф сохтан ва оқибат решакан сохтани ақидаву амалҳои террористию экстремистӣ роҳи ҳалли муаммо  муборизаи дастаҷамъона, муташаккилона ва хамҷояи тамоми давлатҳо ва мардуми хайрхоҳи башар мебошад.

Хулосаи умумие, ки аз гуфтаҳои болоӣ нисбати амалиёти террористию экстремистӣ бармеояд, дар он зоҳир меёбад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ ва мустақилона бехатарии хос ва устувории сулҳро дар ҳудуди мамлакати худ таъмин карда наметавонад. Ин кори дастаҷамъона ва муташаккили гурӯҳи давлатҳо, аниқтараш, амалиёти ҷомеаи инсонияти сулҳпарвар аст. Дар пешгирии паҳншавии ин амалҳои номатлуб ҳар як фарди солимақл ва ватандӯст ҳиссаи худро бояд гузорад.

М. ЭГАМОВ
декани факултети электромеханикаи
Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh