Бадкарда бадгумон аст!

Имрӯз ифротгароёни ТТЭ ҲНИ баҳри расидан ба манфиати хеш воситаҳои гуногунро истифода мебарад. Бояд қайд намоем, ки М. Кабирӣ ҳадаф ва мақсадҳои ниҳоние дорад, ки онҳо пур аз ғаразанд.

Чӣ тавре, ки дар урфият мегуянд “бадкарда бадгумон аст”.  Кабирӣ, ки худ бо суханони дуруғ инсонҳоро фиреб медиҳад, дигар шахсиятҳоро низ дуруғгӯ мепиндорад. Мо ба  Кабирӣ гуфтанием, ки мо, мардуми кишвар ба роҳи пешгирифтаи роҳбарияти мамлакат комилан боварӣ дорем ва барои пешравии кишварамон монда нашуда, заҳмат мекашем.

Мардуми тоҷик солҳои ҷанги шаҳрвандӣ он шахсонеро, ки бо макру фиреб мардумро раҳгум зада буданд, хуб дар ёд дорад ва ба суханони шумо барин маккорон боварӣ надоранд. Имруз мардуми тоҷик ба қадри осмони софу беғубор ва тинҷию оромӣ расида, намегузорад, ки лухтаки дасти мансабпарастону мансабталошон гардад.

Н. Ҳошимова,
 ассистенти кафедраи
сиёсатшиносии ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh