Ҳизби наҳзати ислом ва бохти он дар соли ҷорӣ

ТТЭ ҲНИ имрӯз ҳамчун гурӯҳи муташаккили ифротгаро ва террористӣ дар кишвар шинохта шудааст. Он соли 1991 таъсис ёфта  ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном гардид. Ин ҳизб бо роҳбарии яке аз намояндагони гурӯҳи мухолифини тоҷик  Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳаммаслакони ӯ  Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов  созмон дода шуда, бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои Шӯравӣ низ ба таври пинҳонӣ фаъолият мебурд.

Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд. Онҳо дар давоми фаъолияташон бо ҳизбу ҳаракатҳои террористии Шарқи назди  ба монанди "Ихвон-ул-муслимин"-и  Миср, Ансоруллоҳ  ва ДИИШ ҳамкорӣ намуда, барои таъмин намудани онҳо бо ҷанговарону муҷоҳидон аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзадаи тоҷикистонӣ ва бо ин роҳ ба даст овардани манфиати моддиро касб намуда буданд.

Фаъолияти он то соли 2015 давом карда, баъд аз фош шудани амалҳои номатлуб ва зиддидавлатии онҳо фаъолияти он манъ гардид. Онҳо дар давоми ин марҳилаи таърихӣ аз номи дини мубини Ислом ҳамеша тафриқаандозӣ намуда, мехостанд, фазои кишварро ноором кунанд, аммо чунин имконият ба онҳо даст надод.

Намояндагони ин ташкилот имрӯз низ бо нашри шарҳу ақидаҳои ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд, носазогӯиҳо мехоҳанд фазои иттилоотиро халалдор намоян. Боиси қайд аст, ки мардуми озодандеши мо  аз аслу ҳадафҳои ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои  хеш аз номи дини мубини ислом истифода мекунанд, хуб бархурдоранд. Аксари онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният дастгир шуда барояшон чораҳои ислоҳӣ андешида шуданд. Бо вуҷуди он, як қисми онҳо бо роҳбари ин ҳизб  Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумҳурӣ фирор намуда, то кунун бо иғвоангезӣ машғуланд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ҳамаи кӯшишу муборизаҳои онҳо бенатиҷа буда, ба сулҳу суботи кишварамон халал ворид карда наметавонад. Чунки мардуми тоҷик симои аслии онҳоро дуруст шинохтаву мақсаду мароми онҳоро ба таври амиқ дарк намудааст.

Н.ҲУСАНБОЕВ,
омӯзгори ДДХ

Add comment


Security code
Refresh