БА МАЪРАКАИ СИЁСӢ ОМОДААНД

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ аз 4 - уми декабри соли 2019, № 1380 ба тасвиб расида, дар ин раванд мутобиқи моддаҳои 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» санаи 1 - уми марти соли 2020 интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи маҳаллӣ баргузор мегардад.

Интихобот равандест, ки дар ҷараёни он мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз зинаҳои поён то боло дар асоси принсипҳои демократӣ ташкил карда шуда, шахсони мансабдори интихобӣ дорои ваколати ҳокимиятӣ мегарданд. Интихобот маъракаи муҳими сиёсист, ки интихобкунандагон ба воситаи вакилони худ ба уҳдаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори интихобӣ ҳуқуқи амалигардонии ҳокимияти давлатиро мегузоранд.

Дар асоси гуфтаҳои болоӣ қарори комиссияи ҳавзавии интихоботии «Бобоҷон Fафуров», №14 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 5 аз 19 - уми декабри соли 2019 «Дар бораи ташкил намудани участкаҳои интихоботӣ, рақамгузорӣ, муайян намудани марказ ва ҳудуди онҳо ва ҳавзаи интихоботии «Бобоҷон Fафуров», № 14 даъвати шашум» ба тасвиб расида, дар ин замина дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ 50 участкаи интихоботӣ оид ба гузаронидани интихоботи вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд.

Участкаи интихоботии № 42, ки қароргоҳаш бинои тӯйхонаи «Амир» - и Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров мебошад, ҳудуди маҳалла ва кӯчаҳои Мурод Шодибоев, Ёва, Абдухалил Ашӯрматов, Абдулло Ӯрунов, Эргаш Рӯзиев, Миришкор, Абдуҷаббор - саркор, қаҳрамон, Неъматҷон Муродов, Саидвалӣ Исматов, Турсуной Бойматова ва бинои баландошёнаи Ёваро дар бар гирифта, шумораи интихобкунандагонаш 2791 нафар мебошанд.

Раиси участкаи интихоботӣ Сабоҳат Шералиева иброз медорад, ки дар қатори интихобкунандагон 85 нафар муҳоҷири меҳнатӣ, 41 нафар овоздиҳандаи бори аввал ва 3 нафар бемори барҷомонда номнавис шудаанд. Тамоми ҳуҷҷатгузориҳои участкаи интихоботӣ ба таври мукаммал ба роҳ монда шуда, аъзои участка бо нишонаи тасдиқкунандаи шахсият ва вазифаҳояшон омодаи кор ҳастанд. Навбатдорон ҳамарӯза дар участкаи интихоботӣ қарор дошта, дар ҷузвдон ва дафтари навбатдорӣ қайд мегузоранд. Муовини раиси участкаи интихоботӣ Розия Каримова ва котиб Санавбар Юлдошева назоратро аз фаъолияти аъзои участкаи интихоботӣ доимӣ ба роҳ монда, ҳамаи шароитҳоро барои гузаронидани интихобот омода намудаанд.

Қайд бояд кард, ки барои интихобкунандагон дар қароргоҳи участка ҳуҷраи модару кӯдак ва бунгоҳи тиббӣ мавҷуд буда, дар сурати пайдо шудани зарурат метавонанд, аз имкониятҳои он истифода баранд.

Ҳамчунин, байни интихобкунандагони кӯчаҳои Миришкори Боло ва Миришкори Поён корҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба чӣ гуна гузаронида шудани маъракаи интихоботӣ ба роҳ монда шуда, шиору овезаҳо дар назди қароргоҳи баргузории интихобот насб карда шудаанд.

 «Гӯшаи интихоботӣ» шумораи интихобкунандагону рӯйхати мукаммали онҳо, ҳудудҳои маҳалла, реҷаи рӯз, нақшаи корӣ ва маводи иттилоотиро дарбар гирифта, аз омодагии пухта ба интихобот дарак медиҳад.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh