Ҳадафҳои ТТЭ ҲНИ - бебунёд!

Ҳарчанд ТТЭ ҲНИ робитаашро бо ҶИЭ пинҳон медошт ва худро ҳомии дину мазҳаб муаррифӣ менамуд, аммо воқеият собит сохт ва парда аз чеҳраи ТТЭ ҲНИ бардошта шуд ва маълум гардид, ки дар калимасозии номи ташкилоти террористӣ Ислом ҳамчун ибораи ёрирасон ва гумроҳсозанда истифода шудаасту халос. Онон калимаи Исломро маҳз ба хотири боварии мардумро соҳиб шудан истифода намудаанду халос.

Вақте ба маълумотҳо менигарем, мебинем, ки пас аз ба даст овардани сулҳ аъзоёни ТТЭ ҲНИ то соли 2016 чандин амали террористӣ дар қаламрави кишвар содир намудаанд, ки ин душмании ошкорои ин тоифаро алайҳи миллат нишон медиҳад.

Ин танҳо фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар чанд соли охир мебошад, ки маҳз ба хотири пулу мол шуда, ба чунин амалҳо даст задаанд ва бар зидди миллати худ мубориза бурда, ба душмани худ кӯмак намудаанд, ки аз ин дида хиёнати бузурге нест.

Пас ин ҷо суоле ба миён меояд, ки агар ҳомиёни Ислом ба чунин хиёнат даст зананд, аз бединон чиро бояд интизор шуд?

Дар ҳоле ки дини мубини Ислом куштор ва хиёнату разолатро маҳкум менамояд, вале ТТЭ ҲНИ бар алайҳи ҳамаи ин гуфта баромад менамояд, ки аз ниқобӣ будани ин тоифаи бадкеш шаҳодат медиҳад.

Зеро ҳамон гуна, ки маълум аст, дар чанд соли охир, маҳз ба хотири анҷом додани супориши хоҷагони хориҷияшон онҳо мехоҳанд, ҷавононро гумроҳ намуда, боз вазъи кишварро ноором намоянд. Зеро ба ин хоҷагони хориҷияшон низ тарафдору манфиатдор ҳастанд.

Аз ин лиҳоз, ҷавононро лозим меояд, ки вобаста ба ин масъала эҳтиёткор бошанд ва зиракии сиёсияшонро аз даст надиҳанд, то фирефтаи ин хоинон ва душманони миллат нагарданд. Зеро дар урфият мегӯянд, ки душман дар ниқоби дӯст меояд...

Меҳвар Абдусаломов,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ –
металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh