Вабои асрро решакан мебояд!

Ҷомеаи ҷаҳониро имрӯзҳо хатари нав бо номи терроризм фаро гирифтааст. Гурӯҳи манфиатхоҳ бо ҳар гуна роҳу васила нақшаву ниятҳои нопоки хешро бо амалҳои террористӣ мехоҳанд амалӣ намоянд. Ин зуҳуроти номатлуб ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод менамояд. Аз рӯи таҳлилҳо, гирифторони ин дасисабозиҳо аксаран ҷавонони синнашон 18 - 35 сола мебошанд.

Давлату ҳукумати кишвар барои решакан кардани ин падидаи номатлуб диққати ҷиддӣ медиҳад. Қобили зикр аст, ки қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм” саривақтист. Дар замони ҳозира муайян аст, ки ҷавонон табақаи осебпазир буда, аксар гумроҳшудагон аз ин табақаанд.

Омилҳои хеле зиёде мавҷуд аст, ки ҷавонони мо ба ҳаракатҳои ифротӣ шомил гарданд. Аз ҷумла, пешравии технологияи иттилоотӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон, аз ҷиҳати сиёсӣ мукаммал набудани ҷаҳонбинии ҷавонон, аз таҳсил ва омӯзиши илм дур мондани онҳо.

 Роҳбарон ва аъзои ҳаракатҳои ифротӣ ин омилҳоро хуб дарк карда, аз пешравии технологияи иттилоотӣ истифода намуда, бо воситаи ҳама гуна шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои ташвиқотии худро паҳн менамоянд. Ҷавонон аз ин таблиғотҳо аксаран бемақсадона истифода бурда, чӣ гуна ба ин ҳизбу ҳаракатҳо шомил шуданашонро нафаҳмида мемонанд.

 Таваҷҷуҳи имрӯзаи Ҳукумати мамлакат ба дастгирии ҷавонон хеле зиёд аст. Мо, аҳли ҷамоатчигиро имрӯзҳо зарур аст, дар маҳаллу мавзеъҳои аҳолинишин, муассисаву донишгоҳҳои олӣ дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро ривоҷ диҳем. Ҷавононро ба омӯзиши илму фарҳанг ҳидоят намоем, зеро ҷавонон ояндаи миллатанд. Баҳри решакан намудани ин вабои аср ҳама гурӯҳҳои иҷтимоӣ якҷоя бояд мубориза баранд.

Мо ҳама вақт маҳкумкунандаи терроризм ҳастем. Мекӯшем, ин хатари ҷаҳони муосир пурра аз байн рафта, дар ҷаҳон сулҳу амният доимо пойдор бошад.

 А.САИДОВ,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh