Аз фиребу макр дурӣ ҷӯй…

Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки ба халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат, барангехтани душманӣ равона шудааст.

Имрӯзҳо, мутаассифона, шомилшавии баъзе аз ҷавонони гумроҳ ба ин гуна ҳаракатҳои ифротӣ ба назар мерасад, ки сабаби он камдонишӣ, надоштани саводи кофии диниву дунявӣ мебошад.

Дар баъзан маврид надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ - фарҳангӣ он шахсро ба инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани қиммати дастовардҳои Истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.

Мо ҷавононро бояд дар рӯҳияи ватанпарварӣ, ахлоқи ҳамида, дӯст доштани сарзамину миллати худ тарбия кунем. Яке аз омилҳои муҳими мубориза бар зидди ифротгароӣ дарки аҳамияти омӯхтани фарҳанги миллӣ ва арзишҳои воқеии исломӣ дар тарбияи ватанпарварӣ мебошад.

Ҳамаи бузургони адабиёти мо инсониятро ба ватандӯстиву ахлоқи пок талқин кардаанд. Ҳар кас аз Ватани худ рӯй гардонад, нафратзадаву бенангу номус мебошад.

Ҷавонони моро душманону хоинони Ватан бо роҳи макру фиреб гумроҳ мекунанд.

Дар шаҳри мо - Истаравшан ҳам баъзе ҷавонон ёфт шудаанд, ки ба фиребу найранги ифротгароён дода шудаанд. Онҳо падару модари худро хуноб кардаанд. Мо пеши роҳи онҳоро бояд гирем, найрангу дасисабозии ин ифротгароён ҳадафҳои нопоки онҳоро фаҳмонем. Онҳоро аз роҳи хато баргардонем.

Паямбари Ислом Муҳаммад (с.с.) дӯст доштани Ватан ва мардуми диёри худро дар ҳадиси худ борҳо таъкид кардаанд: - Дӯст доштани Ватан аз имон аст, Ватани худро дӯст доред ва ризқу рӯзии худро аз он ҷо биҷӯед. Агар инсон озодии иродаро эътироф кунад, ба ақлу хирад такя менамояд. Шахси ахлоқӣ будан аз ваҳдати хираду эътиқод бармеояд.

Аз ин рӯ, ҳушёрӣ ва зиракиву худшиносӣ метавонад, яке аз омилҳои пешгирикунандаи ифротгароӣ шавад.

Барои мо озодиву оромӣ, сулҳу амнияти кишварамон беҳтарин неъмат аст.

Субҳӣ Ҷавҳаризода,
шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh