Пешгирии ҷалби ҷавонон ба ташкилоти террористӣ

Терроризм ва ифротгароӣ вабои аср аст, зеро имрӯз ҳадафи он ба амалӣ намудани манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Аз амалҳое, ки вақтҳои охир дар бисёр давлатҳо рух дода истодаанд, маълум мегардад, ки барои афроди террористу ифротгаро ягон муқаддасот – Ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надорад. Барои расидан ба ҳадафҳояшон онҳо аз ягон амал даст намекашанд. Нерӯи асосии ҷангандаи онҳоро аксаран ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон ба сабаби як силсила омилҳо чунин гурӯҳи иҷтимоие мебошанд, ки дар баробари ғояҳои ҳаракатҳои радикалӣ таъсирпазир ва ҳассос ҳастанд ва ба гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ шомил гардида, оқибат фирефта шудани худро нафаҳмида мемонанд.

Ҳамаи мо огаҳии комил дорем, ки ҳанӯз 2-3-юми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва шарикони дигари рушд Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез” доир гардида буд, ки баҳои баланди байналхалқиро сазовор шуд.

Ҳоло ки терроризм ва ифротгароии хушунатомез ҷуғрофияи худро васеъ намудааст, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонист. Аз ин лиҳоз, зикри онро салоҳ медонам, ки терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои ҳалталаб мебошад.

Барои аз байн бурдани ин раванди ниҳоят хавфнок ва таъмини боэътимоди амният зарур аст, ки заминаҳо ва омилҳои зуҳури он муайян карда шаванд. Барои ин тадбирҳои ҳадафманди пешгирӣ, садди роҳ гардидан ва корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон ҷоннок кардан лозим аст. Биноан, бо дарназардошти хатару омилҳое, ки боиси шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои ҷангии хориҷи кишвар гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2016 - 2020» дар байни аҳолӣ гузаронидани як қатор чорабиниҳои пешгирикунӣ-профилактикӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондааст.

Ва дар ин самт баҳри иҷрои корҳои ҳадафманд мо бояд саҳмгузор бошем. Талқин намоем, ки ҷавонон аз ҳар гуна ташкилоту гурӯҳҳои ифротӣ ҳазар карда, ба таъмини якпорчагии давлату миллат ва сулҳу ваҳдати комил, ободу зебо гардондани кишвари азизамон – Тоҷикистон саҳм гузоранд.

 Фирӯза ҲУВАЙДУЛЛОЕВА,
устоди Коллеҷи тиббии ноҳияи
Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh