Шукронаи оромӣ ва неъматҳои истиқлолият намоем!

Воқеаҳои моҳи феврали соли 1990, дар шаҳри Душанбе ҳар замоне, ки банда ба айёми гузашта назар мекунам, он рӯзҳои мудҳиш ба ёдам мерасад ва ба худ савол медиҳам, ки барои чӣ дар он вақт   «февралмоҳи хунин" неву "баҳманмоҳи хунин" гуфтанд?  Ҳол он, ки мардуми Тоҷикистон ба ғайр аз чанд нафаре то ҳол намедонанд, ки Баҳманмоҳ  кадом моҳ аст. Барои чӣ шиорҳои таблиғотӣ аксаран асолати тоҷикӣ надошт? Ба майдон баромадан, шиор партофтан, аз куҷо ва  таҷрибаи кӣ аст? Иғвогарони пешбар киҳо ва дар паси парда хоҷагони асосӣ   киҳоянд?

Баъди эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ноором гардидани кишвар ба ин саволҳо ҷавоб дод ва пардаро аз рӯи хиёнаткорон ва хоҷагони хориҷиашон бардошт, ки сабабгори саршавии ин бесарусомониҳо ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии муассисонаш ва хоҷагони хоричиаш мебошад. Ҳадафи роҳбарони ин ҳизби террористӣ, ки аз хориҷ роҳнамои мегирифтанд, нопок буд.

Афсӯс, ки аксари он нафароне, ки аз дасти ин маккорон гумроҳ шуда, манфиати миллату кишварро пеши по мезаданд, дар ин издиҳом иштирок мекарданд ва аз суиистифода шудани дини ислом бехабар буданд ва баъдан ин майдонбароиҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид ва сабаби рехтани хуни ҳазорон мардуми бегуноҳ гардид.

Аз ин ҳодисаҳо аллакай сӣ сол гузаштааст, аксари ҷавонони то сисола, ки дар замони тинҷу оромӣ зиндагонӣ мекунанд, онро аз саҳфаи таърих мехонанд.

Бояд имрӯз мо, мардуми Тоҷикистон шукронаи тинҷию оромии  давру замон ва шукронаи неъматҳои Истиқлолият кунем ва баҳри ободии Ватани худ, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, дастовардҳоямон саҳмгузор бошем, то мардуми Тоҷикистон дигар рӯи ҷангро набинад!
 

Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
номзади улуми суханшиносӣ

Add comment


Security code
Refresh