МАРҲАЛАИ ШИНОХТИ ТТЭ ҲНИ

Умуман соле, ки сипари  гашт, соле буд, ки барои миллати тоҷик чандин ҳақиқатҳои ногуфтаи таърихиро ошкор кард ва ҳамчунин ниқоб аз баъзе чеҳраҳои манфур бардошт. Ва ё ба ибораи дигар, воқеиятҳои ҳиллагарону ҳунармандони ниқобпӯшро, ки бо қабои гуногун миллатро гумроҳ карда, фиреб доданӣ мешуданд, ошкор сохт.

Зеро маҳз дар ҳамин сол баъзе маълумотҳои махфӣ аз фаъолияти ТТЭ ҲНИ ва амалҳои ҷиноятишон бар зидди миллати тоҷик дастраси омма гардид, ки  дар ин маводҳо ба таври бисёр ҳам мақбул аз ҳамкории ин ниҳод ва хадамоти махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон аз нахустинрӯзҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ то ба имрӯз сухан мерафт ва ҳар як нукта бо далелҳои муътамад баён гардида буд.

Ҳарчанд ба таври бисёр ҳам кам аз ин маводҳо нашр шуд, вале ин маводҳо тавонистанд, ки чароғе дар масири торики шинохти ин тоифа бошанд. Зеро ин ифротиён ҳар лаҳза симо ва ниқоби худро дигар намуда, ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯйи роҳҳои хиёнат ба миллати тоҷик ҳастанд ва инро мо то дербоз мушоҳида намекардем.

Вале имрӯз бараъло ошкор гардид, ки аъзои ТТЭ ҲНИ ба хотири пулу мол шуда, ба хизмати хоҷагони хориҷияшон гузаштаанд ва барои пулу мол омодаанд, ҳама супоришҳои хоҷагони хориҷияшонро бар зидди миллати тоҷик, мисли солҳои 90-уми асри гузашта иҷро кунанд.

Пас ин тоифаи бадгавҳарро чӣ тавр мешавад, душмани миллату Ватан наҳисобид?

Чӣ тавре ки гуфтем,  соли сипаригардида, соле буд, ки саҳифаи навро дар шинохти ТТЭ ҲНИ боз кард ва, ин албатта, охири кор нест, зеро ҳамон гуна, ки мушоҳида мешавад, онон ҳоло ниқоб иваз намуда, мехоҳанд бо шиорҳои нав амал намоянд ва барои ҳамин ҳам созмони дигари террористии ПМТ-ро таъсис додаанд, ки дар он ҳам Кабирии палиду разил ҳамчун роҳбар таъин гардидааст.  

Албатта ин ҷо чанд сабаб ҳаст, ки наҳзатиёнро водор кардааст, зери ниқоб баромад кунанд ва ақидаҳову андешаҳои ғайриинсонии худро пинҳон доранд. Зеро онон аз ҷониби хоҷагони хориҷияшон идора мешаванд.  

Яъне бо тағйири ном пайравони ТТЭ ҲНИ мехоҳанд, ки бештар гуноҳҳову амалҳои содирнамудаашонро дар солҳои 90-ум пинҳон кунанд ва аз ҷониби дигар бо номи нав бештар ҷавононро гумроҳ созанд.

Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки аз ин рафтори ифротгароён эҳтиёт бошанд ва фирефтаи доми онон нашаванд.

Меҳвар АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори ДКМТ

Add comment


Security code
Refresh