Пароканда хасми душман!

Ҷомеаи Тоҷикистон дар давраи нави Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби душманони хориҷӣ ба дами муноқишаи шаҳрвандӣ кашида шуд. Лекин, дар ҷомеа нерӯи солиму созанда пойдор буд, ки дар он давра нагузошт, ки ватани азизамонро порча - порча созанд. Қувваҳои посдори сулҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, миёнаравиҳои самарабахши Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх барои барҳам додани муноқишаи тоҷикон нақши назаррас бозиданд.

Бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшиши аз нав тақсим намудани ҷаҳон бо мақсади соҳибӣ ба сарватҳои табиӣ ва захираҳои ашёи хому бозори ҷаҳон рӯз ба рӯз шиддат меёбанд. Ба замми ин, терроризм ва экстремизм барои давлатҳо ба манбаи нави хатару таҳдид мубадал гаштааст. Дар чунин шароит, ки вазъияти дунё ҳар лаҳза дар ҳоли таъғйирёбист, дар дохили давлат таъмин будани Ваҳдати миллӣ, суботу амнияти ҷомеа, таҳамулпазирию ҳамдигарфаҳмӣ барои тинҷу осоишта меҳнату зиндагӣ кардани мардум кӯшиш мекунад. Вале, ҳама гуна мухолифат ва низоъ бо роҳи музокирот бояд ҳаллу фасл шавад. Таҳаммул карда тавонистани ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ, гузашт ва муросо муруввату мадоро, худдорӣ аз ҷаҳлу ҷидол аз хислатҳои неки миллати бофарҳанг ба ҳисоб мераванд.

Мо тоҷикону тоҷикистониён ҳамеша бояд дар хотир дошта бошем, ки чунин рӯзҳои сахту сангинро мо низ аз сар гузаронидаем. Дар ҷаҳони имрӯз ифротгароӣ ё экстремизми динӣ, терроризм ба рӯйдодҳои ҷаҳонӣ табдил ёфта истодаанд. Нуфузи ин ташкилотҳои террористӣ рӯ ба афзоиш аст. Ниҳоди террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ва думравони онон ба монанди ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзат кӯшиши зери тасарруф гирифтани ҳокимияти қонунии диёри азизамон бо минтақаҳои гуногун, паҳншавии ғояҳои тундгароӣ дар Афғонистони ҳамсоя моро ҳушдор медиҳад, ки ҳамеша ҳушёру зирак бошем, гирифтори дасисаву фиреби бегонагон нашавем, ваҳдату суботро боз ҳам устувортар гардонем.

Собиров М.С.
мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Турсунова Н.А.,
сарлаборанти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh