Бо ном «муслимин»!

Дини мубини Ислом аз давраи пайдоиши худ то имрӯз ба ягон ҳизбу ҳаракатҳо эҳтиёҷе надошт. Дар қалби мусулмон имон ба Худову ибодат ба Парвардигор аз овони кӯдакӣ то марг доимо пойдору устувор буду ҳаст. Покии дини мубини Исломро душманон дар сайёра дида натавониста кӯшиши аз дохил вайрон кардани дини поки Исломро мақсади хеш хондаанд. Дар ин радиф, мебояд қайд кард, ки дар байни оламиён ҳазорҳо нафар шахсони беирода, ноустувор ва соддалавҳ ҳастанд, ки барои душманони дину давлат “гӯшти лаҳм” мебошанд.

Ин нафарони беҳушу беақл дар зери таъсири доҳичаҳои дасисабозу иғвоангез барои аз дохил пӯсонидани ҷамъияти Исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракат, созмонҳо ва ғайраро таъсис медиҳанд, ки тавассути сармоягузории хоҷагони хориҷӣ дар дохили мамлакатҳои дигари осоиштаю бо сулҳусубот тафриқандозӣ мекунанд. Яке аз чунин гурӯҳи палидони муғриз бо номи “Ихвон – ул - муслимин” дар ҷаҳон байни ҷомеа реша ронда ба доми худ ҳазорҳо нафар гумроҳҳонро тори тортанак танидааст, мебошад. Нафарони бехабар аз аркони Ислом ва ноогоҳ аз дастовардҳои башарият бо иродаи суст ва дониши нокифояи башарӣ ба ин ҳаракатҳо ҳамроҳ гашта худ бехабаранд, ки бар дарахте, ки аҷдодонашон сабзонидаанд, табар мезананд.

Дар байни ҷомеаи Тоҷикистон низ, чунин шахсони гумроҳу фирефта, беиродаву виҷдонфурӯш ва бадтинату сиёҳдил вомехӯранд, ки тавассути шомил шудан ба чунин созмонҳои ифротгаро ба ҳаёти осоишта, сарзамини обод, ҷомеаи солим ва меҳнаткаши Ватани худ хиёнат мекунад. Бехабар аз онанд, ки ин созмонҳо дини поки Исломро ҳамчун парчам ба худ рамз кардаву мақсади аслиашон аз дохил вайрон кардани мардум ва бероҳа кардани мусулмонони ҷаҳон мебошад. Зеро, ин имонфурӯшон ғайр аз номи Ислом ба дини пок хизмате накардаанд ва нахоҳанд кард.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди соҳибдилу соҳибватан, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншиносро мебояд, ки аз гиребони чунин нокасон гиранду онҳоро аз палидӣ боздошта ононро аз гумроҳӣ бадар созанд.

Устодони кафедраи геоэкология ва методикаи
таълими факултети геоэкологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh