Ба иғвои наҳзат дода намешавем!

Миллати башардӯсти тоҷик боандӯҳ ва таассуф солҳои ҷанги шаҳрванидро ба хотир оварда, як тоифа мардумеро, ки ба қадри ватан, миллат, бародарӣ, баробарӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ нарасиданду бо дастгирию иғвогарии хоҷагони хориҷии худ, ҷомеаи тоҷиконро вайрон карданд, маҳкум менамоянд.

Ин иғвогарон Ҳизби наҳзат буда дар дил нақшаи нопоке доштанд, ки тибқи он дар ҷумҳурӣ табаддулоти давлатиро ташкил карда, Тоҷикистони моро ба кишвари ақибмондаи исломӣ табдил диҳанд. Ҳизби наҳзат ва пайравони он дар таълимоти худ ташкилкунии як давлати диниро пайравӣ мекунад. Айни ҳол роҳбарияти ин ҳизб ҳаматарафа боз як ҷунбиши террористиро бо номи “Ихвон-ул-муслимин» ҳаматарафа дастгирӣ намуда, фаъолияти онро ҷонибдорӣ намуда истодаанд.  Ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин» дар якчанд кишварҳои шарқ, хусусан дар Миср ҷомеаи тинҷу ободи мардумашро вайрон намуд.  Ихвон бо маблағгузориҳои хоҷаҳояш мехоҳад, сари қудрат ояд ва барои пиёдакунии мақсадҳои нопокаш аз ҳама тарзҳо истифода бурда истодааст.

Башардӯстони  тоҷик нағз медонанд, ки  ТТЭ ҲНИ ва ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин» мақсадҳои нопок доранд ва аз ғояи асосии худ – ғасби ҳокимияти сиёсӣ ва фирефтакунии шаҳрвандон ҳаргиз рўй нагардондааст.  Бинобар ин, мо ҳамеша ба қадри якпорчагии ватани азизамон мерасем ва ба онҳо фошофош мегӯем, ки ба иғвои онҳо дода намешавем. Чунки ки будани онҳо ва мақсаду ниятҳои разили онҳоро нағз медонем.  Мардуми Тоҷикистон ҳамеша тарафдори сулҳу ваҳдат ва тинҷиву оромист!

Лутфуллоев М.Д. – сармуаллими кафедраи
технологияҳои
 иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДҲБСТ

Add comment


Security code
Refresh