Мардуми кишвар симои аслии ТТЭ ҲНИ-ро шинохтааст!

ТТЭ ҲНИ имрӯз ҳамчун гурӯҳи ифротгаро ва террористӣ шинохта шудааст. Он чун ҳизби наҳзати ислом 26 - уми октябри соли 1991 таъсис ёфта, моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном гардид. Ин ҳизб бо роҳбарии яке аз намояндагони гурӯҳи мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва ҳаммаслакони ӯ Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмон дода шуда, бо номи «Наҳзати ҷавонон» солҳои шӯравӣ низ ба таври пинҳонӣ фаъолият мебурд.

Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва неруҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи кишвар, бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд. Онҳо дар давоми фаъолияташон бо ҳизбу ҳаракатҳои террористии Шарқи Наздик ба монанди "Ихвон - ул - муслимин" - и Миср, “Ансоруллоҳ” ва ДИИШ ҳамкориро ба роҳ монда, барои таъмин намудани онҳо бо ҷанговарону муҷоҳидон аз ҳисоби ҷавонони раҳгумзада кӯмак мерасонданд.

Фаъолияти он расман то соли 2015 давом карда, баъд аз фош шудани амалҳои номатлуб ва зиддидавлатии онҳо фаъолияташ манъ гардид. Онҳо дар давоми ин марҳалаи таърихӣ аз номи дини мубини Ислом бар зидди ҳукумати кунунӣ иғво барангехта, мехостанд, сулҳу суботи кишварро халалдор кунанд, аммо чунин имконият ба онҳо даст надод. Намояндагони ин ташкилот бо нашри ақидаҳои ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд, носазогӯиҳо мехоҳанд фазои иттилоотиро халалдор ва байни мардум тафриқаандозӣ намоянд. Вале имрӯз мардуми озодандеши мо аз аслу ҳадафҳои ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи дини мубини Ислом истифода мебаранд, хуб огоҳанд ва дигар фирефтаи дасисаҳои онҳо намешаванд. Аксари онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният дастгир гардида, барояшон чораҳои ислоҳӣ андешида шуданд. Бо вуҷуди он, як қисми онҳо ҳамроҳ бо роҳбари ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ аз ҷумҳурӣ фирор намуда, то кунун нисбат ба сарзамини хеш тӯҳмату буҳтонро раво мебинанд. Вале ҳамаи кӯшишу муборизаҳои онҳо бенатиҷа аст, зеро мардуми тоҷик симои аслии онҳоро дуруст шинохтаву мақсаду мароми онҳоро ба таври амиқ дарк намудааст. Имрӯз мардуми кишвар бо дастгирӣ аз сиёсати давлат баҳри бунёдкорӣ ва созандагӣ, боз ҳам обод намудани Ватани аҷдодии хеш камар бастаанд.

Ш.ҶАББОРӢ

Add comment


Security code
Refresh