Хиёнат ба миллат гуноҳи нобахшиданист!

Дар олам ҳарчанд вазъ ноором ба назар мерасад, муноқишаҳои мазҳабиву миллӣ рӯ ба афзоиш аст, ифтихори мо, тоҷикон аз дастоварди бузурги таърихиамон - сулҳ ва ваҳдати миллӣ афзунтар мегардад.

Моро мебояд, ки бештар ба қадри сулҳу ваҳдат ва ҳамбастагиву ягонагии ин миллату ин Ватани азизамон бирасем.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам кам нестанд афроде, ки ба ин оромӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷ бо чашми ҳасад менигаранд. Ҳоло он кӯрнамаку носипосон худро зери боли дигарон гирифтаву аз дур дар паноҳи хоҷагони хориҷии худ бо ҳар як баҳонаҳои ночизе кишварро дубора ба ноамнӣ кашиданианд. Қисмате аз норозиён раванди сулҳу оромии кишварро назар мекунанд. Аммо ин як кӯшиши бесамарест. Халқ хидматҳои таърихии сулҳофаронро медонаду қадр менамояд. Тири муғризонаи он бадхоҳон ҳамеша хок мехӯрад. Вале боз ҳам тӯли ин қадар сол аз ин амали бесамари хеш даст намекашанд.

Қаҳрамонони сулҳу осоиши тоҷикон мардони асили ватандӯсту ҷонфидо бо қимати ҷон ба хатари марг нигоҳ накарда, моро ба имрӯз расонидаанд. Имрӯз мардуми бохиради мо сулҳро нигоҳ хоҳад дошт ва ба осонӣ аз даст нахоҳад дод.

Муттаҳидии мо ин ояндаи мо, бақои миллат, давлат, якпорчагӣ ва он зиндагии пурсаодати имрӯз ва фардои мост. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон ба қадри обу хоки Ватан, сулҳу оромӣ нарасида, ба гуруҳҳои тундгаро ва террористӣ шомил мегарданд, обрӯи оила ва миллатро мерезонанд, ки оқибаташ пушаймонист.

Фирӯз ИМОМНАЗАРОВ,
ҷонишини директори МТМУ №87, Ҷамоати
деҳоти Фароб, шаҳри Панҷакент

Add comment


Security code
Refresh