Ба ҷавонон арзишҳои миллиро бифаҳмонем!

Ҳоло барои пешгирӣ аз амалҳои экстремистӣ – террористӣ тамоми мардуми худогоҳи олам камар бастаанд, вале он хиёнаткорони бераҳм дидаи инсонӣ надоранд.      

Он ашхоси дар ташкилотҳои ифротгаро фаъолиятбаранда мафҳуми сулҳу осоиштагӣ, Ватан, марз, сулҳ ва амсоли инҳоро намефаҳманд ва ҳеҷ гоҳ нахоҳанд фаҳмид ва донист, зеро шуури онҳо бо бераҳмиву бешафқатӣ нисбати инсонияти рӯи замин нигаронида шудааст.

Мардуми тоҷик имтиҳони сангинеро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз сар гузаронидааст, вале падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз ҷумла қувваҳои ифротгаро боз кӯшиши ноором намудани сулҳу суботи кишварро доранд. Ҳоло маром ва мақсади мардуми тоҷик ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, барои насли оянда онро қавиву пойдор пешкаш намудан мебошад.

Душманони миллат, вақте Тоҷикистон ноором гашт, рӯҳ мегирифтанд. Ҳоло бошад, оромии кишварамон ононро асабонӣ кардааст. Онҳо мақсад доранд, ҳадафҳои нопокашонро дар кишвари мо амалӣ гардонанд.

Онҳо ҳасудхӯрони миллати тоҷик буда, гул - гулшукуфии кишвари мо онҳоро кӯр намудааст, ки ҳатто волидон, бародару хоҳари худро намешиносанд.

Миллати тоҷик барои таҳкими сулҳу ваҳдат натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа камар бастааст. Ба фитнаву бӯҳтонҳои душманони миллат дигар мардуми кишвар фирефта намешаванд. Зеро мафҳумҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, ягонагиву иттиҳод ва ваҳдати сартосарӣ шиори асосии ҳаёти мардуми мо гардидааст. Мақсади ҷомеаи мо ин танҳо роҳ надодан ба паҳншавии падидаҳои терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад.

Мо, омӯзгорон бояд шогирдони худро аз ҳадафҳои бунёдкоронаву созандаи кишвар огоҳ намоем, ба онҳо қимати арзишҳои миллиро фаҳмонем, то ба қадри дастовардҳои Истиқлолият расанд. Нури ваҳдат имрӯз роҳи кишварро рӯшноӣ карда истодааст. Ҷавонони мо насли Ваҳдат мебошанд, ки дар якҷоягиву мустаҳкамшавӣ ваҳдати комили кишварро ташкил менамоянд.

Д.ШОНАЗАРОВА,
саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии
забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh