Ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои ифротиён нагардем!

Таҳдиди рӯзафзуни экстремизми байналмилалӣ, гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ирфотгаро ҳар фарди ҷомеаро водор месозад, ки дар ин масъала бепарво набошад. Терроризми байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун хатари асосии арзишҳои инсонӣ ва амнияти умумиҷаҳонӣ эътироф шудааст. Терроризм ва экстремизм дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон зери ниқоби арзишҳои динии бебунёд паҳн гардидааст, ки ин хатари калони иҷтимоӣ дорад.

Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ кишвари мо низ истисно нест. Зуҳуроти ифротгароӣ хеле решадор буда, он ҳеҷ гоҳ ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон миллатро эътироф намекунад.

Имрӯзҳо ташкилоту ҳизбҳои ифротие ҳастанд, ки кӯшиш доранд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо рафтору кирдори ғайриқонунӣ амалӣ намоянд.

Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ буда, аз асли таълимоти исломӣ, аз ҷанбаъҳои маънавию рӯҳонии он умуман баҳраманд нестанд. Онҳо аз арзишҳои хуби инсонӣ - таҳаммул, некиву накукорӣ, раҳму шафқат, озодиву озодагӣ, илму маърифат, фарҳангу маънавият, созандагию ободонӣ ва ғайра, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил мекунанд, дур мебошанд, рӯҳия ва амали онҳо бештар ба ҳолати хушунату иғвоангезӣ наздик аст.

Таҳлили вазъияти кишварҳои доғи ҷаҳон нишон медиҳад, ки бетарафӣ дар мубориза бар зидди ифротгароӣ хилофи арзишҳои умумибашарӣ мебошад.

Ҳадафҳои қатлу куштори онҳо, пеш аз ҳама, занону кӯдакон ва намояндагони дину маҳзабҳои ғайр қарор гирифтаанд. Террористон ва ифротгароён манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд. Даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва иғвоангезанда дар тамоми дунё торафт зиёд шуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми зуҳуроти номатлуби замони муосир, хусусан терроризм ва экстремизми диниро маҳкум менамояд. Имрӯз мебояд бо гурӯҳҳои террористию ифротгаро, ки аз тарафи баъзе аз кишварҳои абадқудрат созмон ва маблағгузорӣ мешаванд, бо истифода аз дини мубини Ислом, ки оини покиву таҳаммулгароист, ба амалҳои иғвоангезӣ ва террористӣ даст мезананд, оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор ва ноором месозанд, бояд муборизаи оштинопазир бурд.

Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои тундрав шомил гаштани мардум, алалхусус ҷаво- нон ин нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва ба пуррагӣ нафаҳмидани дин аст.

Агар шахс дар ҳадди зарурӣ дониши илмиву дунявӣ ва ё фаҳмиши мукаммали динӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ мутеи фикру ақидаҳои дигарон нахоҳад шуд. Паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин гуна равияҳо гардидааст. Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонон ба ин гурӯҳҳо тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифат мебошад.

Дар муқобили терроризм ва экстремизм аз ватандӯстӣ, инсондӯстӣ дида дигар қувваи бузурге нест. Бояд ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротгароёна нашавад, балки роҳи дурусти зиндагиро интихоб намуда, баҳри пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошад.

Ҷ.РАҲИМОВ,
устоди Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh