Ғосиби беамал ва тарғиби ифротгароӣ

Дар замони муосир бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро мавҷи нооромиҳои сиёсӣ фаро гирифтааст, ки аксари онҳо мазҳабӣ аст. Бисёр мардуми мусалмон дар замони имрӯза азият кашида истодаанд. Онҳое, ки аз номи дини мубини ислом баромад намуда, мардумро гумроҳ месозанд аз тарафи баъзе мамлакатҳои абарқудрат ҷонибдорӣ мебинанд. Ҳаракатҳои сиёсии онҳо хислати террористию экстремистӣ дошта, ба миллат, забон, урфу одат ва анъанаҳои милливу фарҳангии миллату халқиятҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонида истодааст.

Бархе хоинони кишвари мо низ, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гаштаанд, бо супориши хоҷагони хориҷиашон кӯшиш доранд ба амну субот ва оромии Тоҷикистони биҳиштосоямон халал ворид намоянд. Яке аз чунин шахсон истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат Шарипов Далер мебошад, ки дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 асару мақолаҳои хусусияти террористиву экстремистидоштаро ғайриқонунӣ ба чоп расонидааст ва асарҳои нашрнамудаи ӯ дорои хусусияти ифротгароёна мебошанд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз он давлате нест, ки амалҳои террористиро нодида гирад. Баръакс, давлати мо дар замони муосир дар арсаи байналхалқӣ яке аз кишварҳои пешсаф дар роҳи мубориза бо терроризм ва эктремизм ба ҳисоб меравад.

Ба Шарипов Далер ва ҷонибдорони ӯ чунин пешниҳод карданием, ки тарғиби ғояҳои ифротгароёна ин баланд бардоштани мақоми ислом нест. Дини ислом дини поку беолоиш буда, ба инсонҳои нохалафу нопок ниёзе надорад. Имрӯз зумраи инсонҳои бесаводу дунёбехабар, ки аз ягон қоидаву қонунҳои шариати ислом хабар надоранд,  аз номи ин дини муқаддас сӯиистифода мекунанд. Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки яке аз ҷонибдорони фаъоли ҳаракатҳои террористиву экстремистист, бо якчанд суханҳои худ Далер Шариповро ҳақ ҳисобида, ӯро ҷонибдорӣ намудааст. Имрӯз душманони миллати тоҷик мехоҳанд, бо ҳар гуна суханҳои беарзиш ба кишвари худ бӯҳтон зананд. Аммо мардуми шарафманди мо сафедро аз сиёҳ фарқ карда метавонанд ва медонанд, ки ҳақ ба ҷониби кист. Бинобар ин душманони миллати тоҷик ягон вақт ба мақсадҳои нопоки худ нарасидаанд ва нахоҳанд расид.

М.МУҲАММАДИЗОДА,
омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии
таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии
 Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh