Бо зуҳуроти номатлуб оштинопазир бошем!

Таҷрибаи кишварҳои мусулмонӣ исбот намуд, ки ба сари қудрат омадани ҳизбҳои динӣ оқибат бо қафомонӣ ва зиддияти равияву мазҳабҳои ҷомеа меанҷомад. Зеро бо роҳи зӯрӣ бор кардани ақида ба мардум ва бо шеваҳои тундгароӣ идора намудани давлат аз ҳар ҷиҳат боиси нобудии низоми сиёсӣ мегардад. Ба сари қудрат омадани «ихвониҳо» дар Миср ва зиддияти мазҳабӣ дар Афғонистон, мисоли равшани ин гуфтаҳо мебошанд.

Маълум аст, ки чунин ҳизбҳои исломӣ аз ҷониби қудратҳои сиёсии махсуси ҷаҳонӣ пуштибонӣ карда мешавад. Набояд он рӯзҳои сахти солҳои аввали истиқлолият, ки кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид, фаромӯш намоем.

Имрӯз низ аз ҷониби созмону ташкилотҳои кӯшишҳо барои ноором кардани вазъи суботу ороми ҷомеа ба назар мерасад. Гарчанде онҳо берун аз кишвар қарор дошта бошанд ҳам, бо роҳҳои гуногун мехоҳанд афкору андешаи мардумро вайрон намоянд. Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд.                                           

Имрӯз ТТЭ ҲНИ мухолифи роҳи интихобнамудаи кишвар мебошад. Бо ҳар восита кӯшиш менамояд, ки низоми сиёсии дунявиро аз байн барад, озодии виҷдонро, ки Конститутсия ба шаҳрвандон кафолат додааст, бекор намояд.

Аз ин рӯ, мо, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки дар фикри таҳкими суботу оромии кишвар ва рушди ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бошем. Дастаҷамъона муқобили зуҳуротҳои номатлуб, ифротгароиву терроризм мубориза бурда, нагузорем, ки мақсадҳои ғаразноки душманони миллат амалӣ гардад.

 Шӯҳрат САИДЗОДА,
н.и.с., дотсент, мудири кафедраи сиёсатшиносии
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh