Иродаи комили ҳамгироӣ

Дар раванди омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 марти соли равон баргузор мегардад, дар шаҳри Исфара низ тадбирҳои мушаххас бо низоми муайян пеш мераванд.

Мутобиқ ба муқаррароти комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамагӣ 79 участкаи интихоботӣ ташкил гардида, 64 адади он дар ҳудуди макотиби шаҳр ҷойгир шудаанд. Дар тамоми участкаҳо шароити мусоиди овоздиҳӣ муҳайё карда шудааст. Тибқи иттилои Саидхоҷа Бақоев - раиси комиссияи ҳавзаи «Исфара», №20 оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯихати интихобкунандагон тартиб дода шуда, ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо кабинаҳои овоздиҳӣ, қуттиҳои махсус, дастуру ҳуҷҷатҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

- Дар маҷмӯъ, дар ҳавзаи якмандатӣ 160 ҳазору 126 интихобкунанда ба қайд гирифта шуда, аз он 9 ҳазор нафар бори аввал дар интихобот иштирок хоҳанд намуд. Мутаассифона, дар мо шумораи онҳое, ки дар муҳоҷират қарор доранд, 33 ҳазору 804 нафар, қариб 22 фоизро ташкил мекунад, вале аз рӯи таҳлилҳо, ҳамасола то моҳи март қариб 10 ҳазор сокини шаҳр аз муҳоҷират бармегарданд - иброз дошт мавсуф.

Масъулин қайд намуданд, ки участкаҳои калонтарин зиёда аз 2 ҳазор интихобкунанда дорад ва тибқи талабот, ба 500 нафар як кабина гузошта шавад. Ҳангоми ташкили кабинаҳо ҳатман бояд барои ашхоси имконоти маҳдуддошта шароити махсус оғоз аз даромадгоҳ барои бемамониатии онҳо ба эътибор гирифта шавад. Ҳамчунин, имсол дар ҳавзаҳои интихоботӣ, тибқи талабот, хонаи модару кӯдак, нуқтаи тиббӣ бо шароити хуби зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Барои маъюбони гурӯҳи якум қуттиҳои сайёр омода шуда, рӯзи интихобот намояндагони участкаҳои интихоботӣ ба манзили истиқоматии онҳо мераванд.

- Алҳол корҳои фаҳмондадиҳӣ, шиносоиву вохӯриҳои вакилон бо мардум ҳамарӯза, тибқи реҷа, гузаронида шуда истодааст. Пеш аз муҳлат барӯихатгирии аҳолӣ ба итмом расонида шуд. Хабарномаҳо пурра омода шуда, ба мардум дастрас намуда истодаем, - гуфт раиси комиссияи участкавии Қасри фарҳанги «Кимёгарон» - и шаҳр Салимҷон Усмонов.

Чуноне зимни шиносоӣ дар маркази шаҳри Исфара фароҳам будани шароит ва фазои мусоиди тадбирҳои сиёсию пешазинтихоботӣ шаҳодат аз онанд, ки масъулин дар ин самт омодагии ҳамаҷониба дидаанд. Аз ҷумла, дар ҳама ҷойҳои намоёни кӯчаҳои шаҳр шиору овезаҳо пурра насб гардидаву дар мақомоту сохторҳои мухталиф, биноҳои баландошёнаву марказҳои тиҷоратӣ, муассисоти таълимиву тандурустӣ, бонкҳо ва дар маҷмӯъ, дар маҳалҳои серодами ҷамъиятӣ шиорҳои даъвативу иттилоотӣ бобати интихобот насб карда шудаанд. Ин ҳама шаҳодати онанд, ки роҳбарону масъулон маъракаи муҳими сиёсиро дар сатҳи баланд ва вазъияти ҳамгироӣ баргузор менамоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh