ҲАМРАЪЙӢ - БАҲРИ РУШДИ КИШВАР

Чанде пас дар кишвар маъракаи муҳим – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Тавре дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат таъкид гардидааст: «Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дар пешистода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё созанд».

Алҳол дар шаҳру навоҳии вилоят ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ, раисон ва котибони комиссияҳои интихоботӣ муайян карда шуда, дар назди муассисаҳои таълимиву табобатӣ ва ташкилоту корхонаҳо шиору овезаҳо гузошта шудаанд.

Дар 40 ҳавза ва 96 участкаи интихоботии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам дар қатори дигар ҳавзаву участкаҳои шаҳру навоҳии вилоят ба маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии кишвар ва ба маҷлисҳои маҳаллӣ омодагӣ дида истодаанд. Раиси комиссияи ноҳиявии интихоботи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Норхоҷа Дадохоҷаев зимни пурсиш дар бобати омодагӣ ба маъракаи интихобот зикр дошт, ки дар ҳамаи ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ҳуҷраҳои корӣ омода буда, ҳуҷҷатгузорӣ ба пуррагӣ таъмин гардида, бақайдгирии вакилон низ ба итмом расид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ 212110 нафар интихобкунанда буда, аз ин 6174 нафар бори аввал овоздиҳанда, 11457 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва 5929 нафар бемор ба рӯйхат гирифта шудаанд. Барои раванди корҳои минбаъда доири маъракаи интихобот, тарзи баргузории он бо раисон ва котибони ҳавзаҳои интихоботӣ ду маротиба семинари дастурдиҳӣ гузаронида шуд.

Дар бораи омодагӣ ба интихобот дар ноҳия раиси комиссияи ноҳиявӣ Норхоҷа Дадохоҷаев изҳор медорад, ки ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ бо маводҳои конселярӣ ва ёрирасон таъмин буда, дар пештоқи утоқҳои корӣ шиору овезаҳо доир ба интихобот насб карда шудаанд. Ҳамчунин бо аҳолӣ оид ба тартиб ва тариқи овоздиҳӣ ба ҳизбу интихобшавандагони вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои вилоятию маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад.

- Тавре ёдовар гардидам, рӯйхати беморон низ омода буда, дар ҳолати дар рӯзи маъракаи сиёсӣ – интихобот ҳозир нашудани онон се нафар намояндагон аз ҳавзаи интихоботӣ тавассути нақлиёт ба хонаҳои онҳо ҳозир мешаванд, то ин ки онҳо овози худро диҳанд, зеро интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, ба хотири рушди босуботи кишвар ва осудаҳолии наслҳои оянда ҳар як шаҳрванд бояд масъулият эҳсос намояд,- гуфт дар хотима Норхоҷа Дадохоҷаев.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh