Барқияи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дирӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ба Шумо барои изҳори дастгирӣ дар раванди муборизаи Чин бо зуҳури эпидемияи илтиҳоби шуш, ки шакли нави коронавирус боиси он гардидааст, изҳори минатдории самимӣ менамоям.

Имрӯзҳо, мардуми Чин таҳти роҳбарии Ҳукумати Чин бар зидди эпидемияи илтиҳоби шуш мубориза бурда истодааст. Мо боварии комил, қувваю тавоноии кофӣ ва эътимоди амиқ дорем, ки дар ин мубориза бо мақсади пешгирии эпидемия ғолиб меоем.

Моҳи июни соли сипаришуда, мо дар шаҳри Душанбе суҳбату мулоқотҳои дӯстона доштем ва доир ба муносибатҳои Чину Тоҷикистон ва рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё изҳори андеша намуда, муносибатҳои ду кишварро ба марҳалаи нави рушду шукуфоии якҷоя ворид намудем. Ман ба густариши муносиботҳо миёни Чин ва Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса дода, омодаам бо Шумо минбаъд низ баҳри тақвият бахшидан ва рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва рифоҳи кишварҳоямон дар робитаи наздик бошам.

Ба Шумо саломатӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо орзумандам.

Ба мардуми ба мо дӯсти Тоҷикистон хушбахтиву амонӣ таманно дорам».

Add comment


Security code
Refresh