Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола, санаи 23- юми феврал Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои орому осудаи Ватан ва бо руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихор аз давлатдории мустақили миллӣ таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои гарнизони Суғд ва кулли мардуми шарафманди вилоятро самимона табрик гуфта, дар иҷрои вазифаҳои хизматии ҳифзу ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияти давлату ҷомеа комёбиҳо орзу менамоям.

Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан - Модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд».

Боиси таҳкид аст, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун нерӯи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барон ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву зкстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд.

Мардуми сарбаланди вилоят ва хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи гарнизони Суғд дар қатори дигар сокинони Ватани азизамон, бо дастгирии сиёсати созанда ва хирадмандонаи Пешвои миллат барои ҳифзи сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва тараққиёти минбаъдаи Ватан - Модар ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии мамлакат саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.

Бори дигар, ҳамаи хизматчиёни ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, аъзои оилаи онҳо ва мақомоту сохторҳои ҳарбӣ, инчунин тамоми ҳамдиёрони азизро ба ифтихори 27- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, рӯзгори обод, хушбахтӣ, дар роҳи ҳифзи Ватани муқаддас ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақияту пирӯзиҳо орзумандам.

Add comment


Security code
Refresh