Раҷаббой Аҳмадзода: Қувваҳои Мусаллаҳ - нерӯи тавоно ва сипари боэътимод!

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 20 - уми феврали соли 2019 дар толори бошукӯҳи Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии маркази вилоят ба ифтихори солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии мутантан баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони комиссариатҳои ҳарбии гарнизони Суғд, афсарон ва сарбозони қисмҳои низомӣ ва собиқадорони ҷангу меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ иштирок намуданд.

Қабл аз баргузории чорабинӣ аҳли толор навори ҳуҷҷатиро дар бораи таърихи Артиши миллӣ, дастовардҳои ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти сарбозону афсарон тамошо намуданд.

Чорабинӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар чорабинӣ иштирок ва суханронӣ намуда, афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҷузъу томҳои гарнизони Суғд, ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва собиқадорони соҳаро бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят табрику таҳният намуд. 

Дар вазъияти тантанавӣ ба сарбозону афсарони диловар ва собиқадорони соҳа Ифтихорномаи Раиси вилоят ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст. Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Ҳар низомие, ки худро фарзанди Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр медонад, набояд лаҳзае ин вазифаи бузург ва қарзи муқаддаси хешро фаромӯш созад.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии хеш аз таърих ва роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки бисту ҳафт сол қабл, яъне 23 феврали соли 1993 дар таърихи кишвари мо боз як саҳифаи хеле муҳими таърихӣ – таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки сипари боэътимоди давлат ба ҳисоб меравад, боз гардид.

- Боиси таъкид аст, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти қисмҳои низомӣ ва омодагии ҷангии афсарону сарбозон сол аз сол тақвият ёфта, ин ниҳоди бонуфуз ҳамчун неруи тавонои ҳарбӣ амният ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро сарбаландона ҳимоят менамояд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо рафтору интизоми намунавӣ, бо садоқат ба савганди ҳарбӣ рисолати пурифтихори хидмати содиқона ба халқу Ватани азизро бо сари баланд ба ҷо меоранд. Онҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, эътидоли вазъи сиёсиву низомӣ, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву зкстремистӣ ва дигар дастаҳои ҷинояткор ҳамеша омода мебошанд, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Бояд гуфт, ки садҳо нафар хизматчиёни ҳарбӣ дар роҳи таъмини сулҳу амонӣ, пешгирӣ намудани амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузошт, қаҳрамонӣ нишон дода, ҷонашонро қурбон карданд. Дар чорабинӣ хотираи неки қаҳрамонони Ватан бо дақмқаи хомӯшӣ ёдоварӣ гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар набардҳо барои муҳофизати сохти конститутсионӣ 368 нафар афсарону сарбозони вилоят ҳалок шудаанд ва хотираи неки онҳо ҳамеша пос дошта мешавад. Алҳол Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил ёфта, бо техникаи ҳарбии пурқувват, иншоот ва таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз таъмин гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ бобати беҳтар намудани базаи моддию техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ғамхории доимӣ зоҳир намуда, барои беҳтар намудани шароити хизмат чораҳои зарурӣ меандешад.

Ба иштирокдорони чорабинӣ дар фарҷом барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешкаш гардид, ки писанди ҳамагон гашт.

Хабарнигори

«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh