Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзҳои 21 ва 22 феврали соли 2020 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Акрам Мадумаров ва бо ҳузури роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ, сафирони ду давлат, раисони вилоятҳои Суғду Ботканд ва шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ, инчунин роҳбарони сохторҳои қудратии ҳар ду тараф ҷараён гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки минбаъд бояд ҳамкории мутақобила байни мақомоти қудратӣ ва сохторҳои марбутаи ҷонибҳо ҷоннок гардида, ҳамкории тарафайн дар асоси принсипи боварӣ ва манфиати баробарҳуқуқ ба сомон расонида шавад. Кори комиссия давоми ду рӯз идома карда дар он мутахассисони тоҷику қирғиз тамоми паҳлуҳои масъалаи хатти марзиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Мутобиқ ба нақшаи кории комиссия гурӯҳҳои корӣ оид ба масоили ҳуқуқӣ муваззаф гардиданд, ки минбаъд низ мулоқоту музокиротро барои муайянсозии асоси ҳуқуқии делимитатсияи сарҳадоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро идома диҳанд.

Дар доираи ҷаласаи баргузоргардида вохӯрии алоҳидаи раисони вилоятҳои Суғду Ботканд доир гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид доштанд, ки тарафҳоро зарур аст бо риояи анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ ҳамкориҳоро дар ҳамаи бахшҳо тақвият бахшанд.

Таъкид карда шуд, ки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Сарони ду кишвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бояд ҳамкориҳои мутақобила дар маҳалҳо тақвият дода шавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон барои соли 2020 аз ҷониби роҳбарони ду вилояти ҳаммарз ба имзо расид.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh