ТАЛОШ БАҲРИ ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТ

Фармони Президенти кишвар аз 4 - уми декабри соли 2019 оид ба гузаронидани интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба тасвиб расид. Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад» шаҳрвандонро водор месозад, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок ва ба ҷонибдории номзади арзанда овоз диҳанд.

Раванди баргузории интихобот дар шаҳру ноҳияҳо чӣ гуна сурат мегирад?

Бо ин суол ба Иномҷон Тӯраев – раиси участкаи интихоботии ноҳиявӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен, даъвати шашум муроҷиат намудем:

- Ҳамагӣ баъди чанд муддат интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби интихобкунандагон сурат хоҳад гирифт. Интихобот равандест, ки дар ҷараёни он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ аз зинаҳои поён то боло дар асоси принсипҳои демократӣ ташкил шуда, шахсони мансабдори интихобӣ дорои ваколати ҳокимиятӣ мегарданд. Тавассути интихобот интихобкунандагон метавонанд, ба воситаи вакилони худ шахсони мансабдори интихобӣ ва мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатиро уҳдадор намоянд, ки дар иҷрои вазифа пурмасъулият бошанд. Хушбахтона, аз ҷониби комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин зинаҳои поёнии он корҳо тавре ба роҳ монда шудаанд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсии умумиҷумҳуриявӣ бо масъулияти баланд иштирок хоҳанд кард. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи талаботи қонунҳои амалкунанда дар мавзеъҳои интихоботӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

- Омодагии ноҳияи Спитамен ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

- Оғози моҳи январи соли 2020 - ум барои мардуми кишвар бобарор омад. Дар радифи таҷлили ҷашнҳои бузурги мамлакат баргузории боз як маъракаи муҳими сиёсию умумиҷумҳуриявӣ дар партави Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро хушнуд гардонд. Омодагӣ ба маъракаи интихобот ҳанӯз чанд моҳ пеш сурат гирифта, қарори комиссияи участкавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раиси комиссия ба тасвиб расид. Мувофиқи талаботи банди 22 - юми «Дастурамали комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти комиссия ба роҳ монда шуда, дар кори он мебоист мақсаднок истифода шудани воситаҳои молиявии барои комиссия ҷудошуда, ҳисоботи он, ҷадвали навбатдории аъзои комиссия, шиору овезаҳои таблиғотию ташвиқотӣ, гӯшаҳои интихоботӣ, ҳуҷраҳои комиссияҳои интихоботӣ дида баромада мешуд. Муайян гардид, ки то ин муддат ҳуҷҷатҳои вобаста ба интихобот: протокол ва қарорҳои комиссияи участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйхати аъзои участка, ҳуҷҷатҳои воридотию содиротӣ, маълумотнома ва гузоришҳои комиссияи участкаи интихоботӣ ва ҳудуди участка, нақшаи тақвимӣ, ҷадвали навбатдорӣ дар участкаи интихоботӣ дар ҷувздонҳои алоҳида ҷойгир буда, дафтарҳои қайди навбатдорон, арзу шикоятҳо, бақайдгирии ташрифи мушоҳидони байналмилал ва миллӣ, намояндагони васоити ахбори умум, фикру мулоҳизаҳо, бақайдгирии овоздиҳии пешакӣ ва дафтарҳои воридотию содиротӣ ба таври таблитса дар участкаҳои интихоботӣ мавҷуданд.

- Номзадҳо аз 35 ҳавзаи интихоботӣ пешниҳод шуда, мулоқот бо онҳо ҷараён дорад. Ҳар як номзад бо барномаи пешазинтихоботии худ бо мардум вохӯрӣ доир намуда, худ ва фаъолияташро муаррифӣ менамояд. Оид ба номзадҳои бақайдгирифташуда ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллию ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳаминро бояд қайд намуд, ки намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолияташонро дар самти корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин дар асоси конференсия ҳизбҳо вакилони худро ба номзадӣ пешниҳод карда, самти худпешбарӣ низ дар ин мақом қарор дорад. Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ва ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд. Дар чорчӯбаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи дигар қонунҳои амалкунанда фаъолият намудани ҳизбҳои сиёсӣ, ки масъул ва субъекти асосии пешбарӣ намудани номзадҳоро ба вакилӣ доранд ва ё шахсони алоҳидаи худпешбаришуда, ки барои соҳибият ба мандати вакилӣ талош меварзанд, зарур аст.

- Дар анҷом оид ба маъракаи интихобот чӣ гуфтаниҳо доред?

- Камтари дигар вақт мондааст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҷониби 74 ҳазору 299 нафар интихобкунандаи ноҳияи Спитамен интихоб шаванд. Тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса мардуми меҳнатқарини Спитаменро даъват ба амал меорам, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош варзанд, раъйи худро ба номзадҳои арзанда дода, кӯшиш намоянд, ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва оромию осудагӣ ва ободии мамлакати соҳибистиқлоламон мусоидат намояд.

Шоира САЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh