Фирефта шудан пушаймонист!

Миллати тоҷик аз азал соҳибфарҳангу соҳибтамаддун буду ҳаст ва чунин мемонад. Мутаассифона, муғризони миллат бо амалҳои нопоки худ бо рахнасозиву тафриқаандозӣ мардумро фирефтаи амалиёти душманонаи худ гардонда, бо маблағҳои ҳангуфт дар сиришти ҷавонону наврасон тухми аҳриманӣ кишт кардан мехоҳанд.

Дар баробари ин хоинони миллат бо заҳролуд кардани андешаи мардум нафаронеро байни худ ҷамъ меоваранд, то ки кирдорҳои разилонаашонро дар амал иҷро намоянд. Шахсе, ки дар тинаташ иғвою буҳтон ҷо гирифтааст, ҳеҷ гоҳ наметавонад, орому осуда бошад. Таассуфовар он аст, ки ҷавонони гумроҳи андешаи беолоишдошта ва ноогоҳ аз муқаддасоти дини Ислом фирефтаи ниятҳои разилонаи ин нафарони нопок мешаванд. Онҳо бехабаранд, ки ин зумраи ватанфурӯшу ватангадо бо маблағи ночизи хоҷагони хориҷӣ тафаккури онҳоро заҳролуд карда, рӯҳу ҷисмашонро барои мақсадҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Фарди соҳибтафаккуру ҷаҳонгашта ва аз навгониҳои олам бохабар бояд донад, дар ҷаҳон давлате, ки ҳукумати қонуниаш бо халқаш ҳамдаму ҳамтинат, пайвасту муттаҳид аст, хеле ангуштшуморанд. Дар давраи кӯтоҳи соҳибистиқлолӣ бошад, Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гашта, тавонист, ки бо иқдомҳои шоистаи пешгирифтааш ҷиҳати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, муқовимат бо падидаҳои номатлуби экстремизму терроризм байни давлатҳои ҷаҳон шинохта гардад ва кишвари худро бо сарбаландӣ муаррифӣ намояд.

Ман боварии комил дорам, ки ҷомеаи яктану муттаҳид, тамаддунофару соҳибватани мо барои расидан ба ҳадафҳои олии инсонӣ сарҷамъ меояд, тамоми кӯшишу ғайрат, нерӯю хиради худро барои тинҷию осудагӣ, сулҳу субот ва ободии мамлакатамон равона месозад.

Мӯниса Усмонова,
омӯзгори фанни забон ва адабиёти Гимназияи
 №4, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh