БЕҲБУДИ ҶОМЕА АЗ ХИЗМАТИ СОДИҚОНА

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ки 1 - уми марти соли 2020 баргузор мегардад, корҳои омодагӣ бомаром идома доранд. Омодагиҳои сокинони вилоят ба баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ чӣ гуна аст? Роҷеъ ба ин масъала бо андешаҳои чанде аз шаҳрвандони вилоят ошно гаштем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони рӯзнома месозем.

А.Т.Бобоҷонзода - раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом: - Санаи 1 - уми марти соли равон дар мамлакатамон ба маҷлисҳои ҷамоату шаҳрҳо, вилоятҳо интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мегардад. Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар ҷомеаи демократӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ба шумор меравад. Дар интихобот ҳар шахси соҳибмаърифат, баору номус ва ҳар нафаре, ки нисбат ба ояндаи давлату миллати худ бетараф нест, озодона иштирок намуда, ба вакили арзандаву шоиста раъй медиҳад.

Маҳз, раъйи ҳар яки мо метавонад, барои пешрафт ва тақдири ояндаамон нақши муассир дошта бошад, зеро иштироки фаъолона дар ин маъракаи сиёсӣ ва хусусан, интихоби дурусти номзадҳо, он шахсоне, ки нафъи давлату миллатро аз ҳама арзишҳо дар воқеъ боло мегузоранд, шарту зарур аст. Бинобар ин ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ онҳоеро бояд интихоб кард, ки барои рушду пешрафти диёр ва боз ҳам беҳтар гардидани рӯзгори сокинон бевосита саҳм гузошта тавонанд.

Сарабек Шарифов, духтури гӯшу гулӯву бинии дармонгоҳи рақами 6, шаҳри Хуҷанд: - Мафҳуми интихобот ин интихоб намудани вакили мардумӣ аст. Иштирок дар интихобот воситаи муҳимтарини муайянкунандаи ҳокимиятдории халқ аст.

Яъне, мардуми Тоҷикистон сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, бо иштирок дар интихобот ва ташаккули ҳокимияти давлатӣ ҳиссагузоранд. Баргузории ин маъракаи сиёсӣ дар шакли шаффоф ва оммавӣ сурат гирифта, шаҳрвандон метавонанд, озодона шахси арзандаро интихоб намоянд. Шахсияте, ки сазовор ба боварии мардум аст, оянда ба давлату миллат софдилона хизмат хоҳад намуд.

Аҳмадҷон Турсунов, донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, факултаи андоз ва андозбандӣ: - Интихобот маъракаи сиёсӣ аст. Иштирок дар интихобот ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуқуқи иштироки шаҳрвандон дар интихобот муайян намудааст, ки шаҳрванд аз синни 18 - солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштироку интихоб шуданро дорад. Мафҳуми интихобот ва иштирок дар он низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, роҳи минбаъдаи ҷомеа ва давлатро муайян сохтан аст. Дар соли 2020 - ум аввалин бор дар маъракаи интихобот иштирок менамоям.

Муқаддас АҲМАДОВА, омӯзгори МТМУ 15 - уми ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: - Интихобот яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ аст. Шаҳрвандон шахсеро, ки ҷонибдорӣ менамоянд, ба таври пинҳонӣ, бе дахолати шахсони дигар ба он овози худро медиҳанд. Шаҳрвандоне, ки вобаста ба синну сол ҳуқуқи интихоботӣ пайдо кардаанд, метавонанд, дар интихобот иштирок намоянд.

Дар шароити муосир раванди ташкил ва баргузории интихобот дар ҷомеаҳои демократӣ мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои соҳаи мазкур ба амал бароварда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бунёди ҷомеаи демократӣ ва адолатпарварро пеш гирифта, ҳадафҳои худро амалӣ намуда истодааст. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ин соҳаро танзим мекунанд. Мардуми Тоҷикистон, тибқи қонунгузории мавҷуда, имкони озодона иштирок намудан дар раванди интихоботро доранд. Ҳадаф аз баргузории ин маъракаи сиёсӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, аз ҷониби онҳо интихоб намудани шахси ба боварӣ сазовор барои идоракунии давлат аст.

Макнуна ЗИЁБОЕВА, сокини шаҳри Хуҷанд: - Дар ҷаҳони муосир интихобот марҳалаи муҳим дар рушди давлатдории кишварҳои гуногун, аз он ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дуруст интихоб намудан мебошад, ки сатҳи маърифатнокии сиёсӣ ва фарҳанги сиёсии ҷомеаро нишон медиҳад.

Интихобкунандагон бояд дар ҳавзаи интихоботии маҳалли зист ба номзади арзанда овози худро диҳанд. Чун анъана фазои ҳавзаи интихоботӣ бояд идона бошад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh