Барои пойдории сулҳу ободии кишвар овоз медиҳем

Покизагӣ ва ободкорӣ нишонаи имондорист, баракоти ризқи рӯзӣ аз тинҷиву оромӣ маншаъ мегирад. Дар ҳар диёре, ки сулҳу салоҳ ҳукмрон аст, мардумаш сарсабзу хуррам бо шуғли муайян дар талаби ризқу рӯзи умр ба сар мебаранд. Фарзандон бо табъи болида дар мактабҳо илм меомӯзанд.

Дар кишваре, ки фазояш ғуборолуд аст, ифроту тафрит, адовату бадбинӣ ҳукмрон гашта, деҳаҳо харобу шаҳрҳо вайрон, ҳазорҳо мардуми бегуноҳ кушта шуда, ашки ятимону гиряи модарон ба фалак печида, садҳо ҳазор мардуми азияткашида роҳи гурезро пеша карданд. Барои чӣ садҳо ҳазор мардуми Сурия ва Ироқ тариқи баҳри миёназамин ба Аврупо ҳиҷрат мекунанд? Чӣ боис шуд, ки кишварҳои обод ба харобазор табдил ёфт? Иғвоандезии иддае аз нохалафон! Мардум ба макри онҳо бовар намуда, исломгароён тавонистанд мусулмонони он ҷоро ба муқобили якдигар ба по хезонанд.

Чунин ҳаракати табаддулоти давлатӣ дар Тоҷикистон низ аз ҷониби ҳизби наҳзати исломи тарҳрезӣ шуда, мехостанд бори дигар кишвари моро ба хун омехта кунанд. Аз хоҷагони хориҷии хеш вазифа гирифта, истиқлолияти кишварро барҳам зананд. ҳақ ба ҷониби Саъдии бузургвор, ки фармудаанд: «Гургзода оқибат гург шавад, Гарчӣ ба одами бузург шавад». Истиқлолият падидаи бузургест, барои ҳар як миллати озодихоҳу озодипараст. Дар таҳкими пояҳои устувори он ҷаҳду ҷадал намуда, арзишҳои давлатдориамонро ҳифз намоем. Дар паҳлӯи марди шариф, фарзаносифат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ шуда, кору фаъолият намоем.

Дар давоми бистуҳаштсоли соҳибистиқлолият исбот шуд, ки маҳз тавассути сарвари қавиирода ба қуллаҳои баланди пешравиҳо расидем. Раиси ҳХДТ баҳри манфиати халқу Ватан, ободии кишвар тамоми ҳастиашонро бахшида, исбот намуданд, ки дар ҳақиқат Пешво ва дилсӯзи миллати худ хастанд. Ба тарафдории ҳХДТ ва номзадҳои арзандаи он овоз диҳем ва беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем.

Набихони ЯРҚУЛЗОДА,

имомхатиби масҷиди ҷомии Ҷамоати

деҳоти Шаҳрак, шаҳри Исфара

 

Add comment


Security code
Refresh