Ташаббусҳои ватандӯстона - меҳвари ободкориҳо

Тавре маълум аст, санаи 1 - уми марти соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Ҷомеаи мо ба ин маъракаи муҳиму тақдирсоз ҳамаҷониба омодагӣ мегирад. То замони баргузории интихоботи парлумонии кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзҳои бошумор боқӣ мондааст.

Комилӣ Камолҷон Ҳакимзода номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», №37 мебошад.

Комилӣ Камолҷон 21 - уми июли соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2000 - ум Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси тарҷумон ва соли 2009 Академияи хизмати давлатӣ ва хоҷагии халқи назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ва мунитсипалӣ хатм кардааст. Солҳои 2010 - 2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон, даъвати чорум интихоб гардида буд.

Комилӣ Камолҷон барои сазовор гардидан ба боварию эътимоди халқи шаҳри Бӯстон нисбат ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», №37 дар такя ба Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барномаи пешазинтихоботии худро бо назардошти муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангу маънавиёт тарҳрезӣ намудааст. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳтавои асосии барномаи пешазинтихоботии ӯст.

Дар барномаи ӯ бештар ба масъалаҳои беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳавзаи интихоботӣ, иҷрои масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагон ва манзури таклифу пешниҳодҳои онҳо ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят, мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти мардум, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагон дар самти дастрас гардидани хизматрасонии давлатӣ эътибор дода шудааст.

Ҳамзамон, дар барномаи пешазинтихоботии мавсуф дастгирии ҳамаҷониба ва мунтазами табақаҳои ниёзманд, камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону кӯдакони бепарастор, нафақахӯрон, маъюбон ва оилаҳои серфарзанд, мусоидат ба баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии хушунати оилавӣ, ҷалби ҷавондухтарон барои омӯхтани касбу ҳунарҳои миллӣ, андешидани тадбирҳо барои бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила, ташаккули муҳити солими оилавӣ, мусоидат ба риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳар як аъзои оила ва ташаккули шахсиятҳои комил мавқеи намоён дорад.

Баробари ин барои тарғиб ва дар амал татбиқ гардонидани дастуру супориши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани чораҳо дар самти эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон ва корҳои хонагӣ, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии қолинбофон, сӯзанидӯзон ва адрасбофон ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтаронро маҳаки асосии барномаи худ меҳисобад.

Ҳамчунин, мусоидат ва дастгирии ташаббусҳои ватандӯстона дар самти таъсис додани сех ва корхонаҳои хурд ва ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, густариш бахшидан ба корҳои таблиғотӣ дар самти дарки дурусти асосҳои диниву эътиқодӣ, дурӣ ҷустан аз ҳаракату равияҳои номатлуб ва тарғиби завқи баланди инсондӯстӣ дар байни ҷомеаро пайгирӣ хоҳад кард.

Дар ин радиф ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави иҷрои амри Раиси вилояти Суғд оид ба 1300 рӯзи меҳнати зарбдор бо сохторҳои марбутаи шаҳри Бӯстон идома додан ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, андешидани чораҳои амиқ дар самти ҳалли мушкилоти коммуналӣ назди ҳавлиҳои истиқоматии минтақаҳои Ғалаба, Ҷавонӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳри Бӯстон ва бо ҷалби соҳибкорон андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати тақвият бахшидан ба рангуборнамоии намуди зоҳирии биноҳои истиқоматии маҳаллаҳо ва ҳавлиҳо, ободонии биноҳои баландошёна ва маҳаллаҳои ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ, чароғоннамоии кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров, Сулҳ, Дӯстии Халқҳо, Гагарин, Ҳувайдуллоев ва Исмоили Сомонӣ дар барнома тарҳрезӣ гардидааст.

Бахшида ба эълон шудани солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» андешидани чораҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи ҷавонон ва мактаббачагон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва дар зеҳну тафаккури ҷомеа ҷо намудани фарҳанги техникӣ саҳм хоҳад гузошт.

Шаҳбону ОЛИМОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh