Роҳи хиёнаткор – сарбаста

Дар замони муосир гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб мехоҳанд дар кишварҳои гуногун реша давонда, мафкураи аъзои ҷомеа, бахусус ҷавононро заҳролуд ва ба сафи худ шомил намоянд. Танҳо бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бурдани донишу малака мо метавонем паҳншавии чунин гурӯҳҳои ифротгароро пешгирӣ намоем. Зеро, яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ин гуна гурӯҳҳо надоштани донишу малакаи кофӣ ва ноогоҳии онон аст.

Кишвари мо бо пойдор будани сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ва пешрафти пайвастаи тамоми соҳаҳо дар арсаи ҷаҳон соҳиби нуфуз гаштааст, ки самараи роҳи дурусти пешгирифтаи давлати мо, азму иродаи қавии мардуми тоҷик аст. Мо, сокинони ин сарзамини биҳиштосо бояд ба қадри ин соҳибистиқлолӣ расем, шукронаи тинҷиву осоиштагӣ намоем, зеро дар ҷаҳони муосир дар чандин давлатҳо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дорад ва мардуми он кишварҳо дар сарсониву саргардонӣ умр ба сар мебаранд.

Зумрае аз афроди ифротгаро, яъне аъзои ТТЭ ҲНИ, ки бар Ватани хеш хиёнат кардаанд, барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ягон амали зишт даст намекашанд. Ин ифротгароён паси хоҷаҳои хориҷиашон паноҳ бурда, санги маломат ба сӯи кишвари худ меафкананд, иғвоангезӣ мекунанд. Аммо ин тоифа бояд донанд, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад ва мардуми тоҷик кайҳост, ки аз аҳдофи онҳо огоҳанду ба онон эътимод надоранд. Мо, шаҳрвандони кишвар бояд даст ба дасти ҳамдигар дода, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро ҳифз намоем. Пеши роҳи ҳамагуна амалҳои ифротгароёнаро гирифта, баҳри солимии тафаккури ҷомеа, алалхусус ҷавонон кӯшиш ба харҷ диҳем, ба онон ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористӣ - экстремистиро фаҳмонем, то ки дар интихоби роҳи дурусти зиндагӣ хато накунанд.

Ҳамчун тарбиятгар, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ҳамеша ба шогирдонам чӣ ҳангоми машғулиятҳо ва дар соатҳои беруназсинфӣ талқин менамоям, ки аз илму донишҳои замони муосир бархурдор бошанд, доимо ба омӯзиш, донистани забонҳо кӯшиш намоянд, зеро тақдири минбаъдаи сарзамини азизамон-Тоҷикистон дар дасти онҳост, ки насли ояндасози кишваранд. Бояд ба ояндагон Ватани ободу озод, соҳибистиқлол, ки дар он ба арзишҳои волои миллӣ арҷ мегузоранд, боқӣ гузоранд.

Саодат Ҳакимова,
омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №26
ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh