БАДТИНАТУ КИНАПАРВАР НАБОШЕМ!

Ҷомеаи кунунии замони муосирро муҳите фаро гирифтааст, ки гурӯҳҳои ифротгаро мардуми содаву зудбовар, бахусус ҷавонону наврасонро гумроҳ намуда, ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ шомил месозанд.

Террористон бошанд, гурӯҳҳои ҷиноятпешае ҳастанд, ки давлатҳои абарқудрат онҳоро бо яроқу аслиҳа таъмин ва маблағгузорӣ намуда, барои амалигардонии амалҳои нопоки хеш истифода мебаранд. Дар назари аввал чунин ба назар мерасад, ки вазъият дар ҷаҳон ором аст, аммо муноқишаҳои мазҳабиву миллӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон пойдор буда, тамоми имкониятҳои таҳсилу илмомӯзӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти болоӣ фароҳам оварда шудааст. Ҷавонону наврасонро мебояд, ки дар чунин шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ унсурҳои бегонаро ба худ роҳ надода, ба гузаштаи худ рӯ оваранд, аз наслу насаби хеш огоҳ бошанд, зеро он барои ҳар фарди миллат, хусусан насли ҷавону наврас зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Мо бояд фаромӯш насозем, ки гузаштагонамон ба нафарони бадтинату кинапарвар нафрат доштанд ва онҳоро дар ашъорашон мазаммат кардаанд. Халқи тоҷик аз азал адабпарвару бомаданият, бофарҳангу санъатдӯст буда, ба онҳое, ки ба Ватан хиёнат мекунанд, нафрат дошт.

Ҳамеша аз сатҳи донишомӯзии фарзандон бохабар будану назорати қатъӣ бурдан аз хониш, рафтору кирдор ва гуфторашон, ҳамчунин огоҳ будан аз кирдорҳои рафиқону ҳамсолонашон моро водор месозад, ки ба ояндаи насли навин эътибори хоса диҳем ва онҳоро дар руҳияи ватандӯстию худогоҳӣ, хештаншиносию меҳанпарастӣ тарбия намоем. Вазифаи мо - таълимдиҳандагону тарбиятгарон, пеш аз ҳама, ҷоннок намудани корбарӣ байни ҷавонону наврасон аст. Онҳоро ҳушдор бояд дод, ки фирефтаи ҳар гуна суханҳои пучи ифротиён нашаванд ва роҳи ояндаи худро пурхатар насозанд.

Саодат Назарова,
омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи
Литсейи Донишкадаи политехникӣ, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh