Ҷавонон бояд худогоҳ бошанд!

Терроризму экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, он дар шароити ҷомеаи муосир як қатор кишварҳои оламро фаро гирифта, шаҳру деҳоти зиёдро, ки ободу шукуфон буданд, ба харобазору вайрона табдил додааст. Аҳолии зиёд хонавайрон гардида ва дар мулки ғарибӣ дар оворагиву саргардонӣ умр ба сар мебаранд. Ҳазорон тифлакони бегуноҳ дар гирдоби амалҳои террористиву ифротгароӣ фавтиданд.

Дар ҷаҳони имрӯза кишваре нест, ки аз таъсири амалҳои террористӣ зарар надида бошад.Террор ин таҳдид ба тамаддуни умумибашарӣ буда, ифротгароён арзишҳои олии умумибашарӣ, миллӣ ва динию мазҳабиро зери по карда, бо мақсади амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки худ ба ҷиноят даст мезананд.

Имрӯз рисолати мо, устодони таълимгоҳҳо аст, ки бояд тарбиятгирандагони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, шукрона аз даврони соҳибистиқлолии кишвар, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, чун сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва шукрона аз осмони софу беғубори кишварамон тарбия намоем ва талқин кунам, ки баҳри ободиву гулгулшукуфоии кишварамон саҳм гузоранд. Зиёда аз ин насли ҷавони мо бояд худогоҳ бошанд ва бидонанд, ки натиҷаи ҳодисаҳои ваҳшатангези солҳои навадум айни замон дар шакли созмони террористии ТТЭ ҲНИ зуҳур намудааст.

Қобили тазаккур аст, ки бе шинохти дурусти гузашта бунёди рӯзгори имрӯза ва тарҳрезии нақшаҳои рушди оянда имконнопазир аст. Муаррифии арзандаи фарҳанги миллӣ ва арзишҳои асилу баландмақоми воқеии дини Ислом дар тарбияи руҳияи ватандӯстӣ ва фидокории насли ҷавон нақши муассир мебозад, зеро он панду ибрат ва муаррифгари сатҳи маънавиёти баланди ахлоқи ҷомеаи башарият аст.

 Шоира ҚӮЧҚОРОВА,
омӯзгори мактаби №8, шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh