Алҳазар, аз фитнакориву доми фиреб!

Падидаҳои экстремизм ва терроризм имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил ёфтааст. Имрӯз кишварҳои олам барои решакан намудани ин вабои аср муборизаи беамон доранд. Аз ҷумла, кишвари мо низ дар ин ҷода бетараф нест. Ҷумҳурии Тоҷикистон ифротгароиро ҳамчун мушкилоти асри навин ҳисобида, ҳамеша мардумро ҳушдор менамояд, ки аз ин амалҳои номатлуби зараровар дурӣ ҷӯянду ба донишомӯзӣ рӯ оваранд. Зеро ҳамаи масъалаҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоянд, маҳз аз он нафароне сар мезанад, ки дониши кофии динию дунявӣ надоранд.

Аз ин рӯ, коршиносон бар ин назаранд, ки пешгирии ин гуна равандҳои номатлуб бояд доимӣ тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардум сурат гирад. Тоҷикистон баҳри аз байн бурдани экстремизм ва терроризм тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, инчунин давлатҳои оламро барои муттаҳид шудан дар ин кор даъват намуда истодааст.

Аммо барои баъзе кишварҳои дунё терроризм воситаи асосии амалигардонии манфиатҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Барои пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти экстремизм ва терроризм аз воситаву имкониятҳо бояд истифода бурд.

Бархе муҳоҷирони меҳнатӣ дар дигар давлатҳо ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтода, ба кишварҳои ҷангзада рафтаанд. Ин он ҷавононе ҳастанд, ки саводи динии кофӣ надоранд. Барои пешгирӣ намудани чунин раванди номатлуб бояд дастаҷамъона амал намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ ва донишомӯзӣ тарбия намоем.

Зеро имрӯз воситаҳои таъсиррасонии ташкилоти террористӣ ба мафкураи ҷавонону наврасон гуногун аст. Ҷавонони мо дар ҳар ҷое бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода бошанду ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд бошанд.

Мо - шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият дастовардҳои Истиқлолияти давлатии худро бо меҳнати софдилона дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ саҳмгузор бошем.

Нигорахон ИСЛОМОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№25 – уми шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh