Мубориза муқобили терроризм ва ифротгароӣ - омили субот дар кишвар

Терроризм ва экстремизм дар ҳақиқат имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Зеро мо шоҳиди он ҳастем, ки пайваста дар ин ё он гӯшаи олам ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шуда, бо оқибатҳои нороҳаткунанда суботу оромӣ ва низоми давлатдориро вайрон менамояд.

Воқеан ягон давлати ҷаҳон аз рух додани ҳодисаҳои террористӣ имрӯз худро дар канор ҳис намекунад. Бетараф будан ё нодида гирифтан нисбати ингуна ҳодисаҳо метавонад дар оянда ба оқибатҳои нохуб оварда расонад, ҳаёти орому осоиштаи мардуми сайёраро новобаста аз қитъаю минтақа куллан зери хатар гузорад.

Чунин вазъият ҷомеаи ботамаддуни оламро ба хулосае овардааст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ мубориза баранд. Вагарна ин падидаи номатлубро решакан намудан номумкин ва дар ин ҷода ба ҳадаф расидан душвор аст. 

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ташаббускорони пурзӯр намудани муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар саросари ҷаҳон, ба хусус дар минтақаи Осиё мебошад.

Мақомоти корҳои дохилӣ яке аз субъектони пешбари муборизабаранда бар зидди ин зуҳуроти номатлуб фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар таъмини тартибот, ҳифзи моликият ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши назаррас дорад.

Ба ғайр аз дар доираи чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ошкор намудани ҳаракатҳои ғаразолуди баъзе аз афроди гумроҳзада, яке аз усулҳои натиҷабахш дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд пурзӯр кардани корҳои тарғиботӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии ҷавонон вобаста ба хавфу хатари экстремизму терроризм аст, ки ҳамин усули корбарӣ имкон медиҳад, шаҳрвандон огоҳии бештар пайдо намоянд.

Давоми 12 моҳи соли 2019 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд  кормандони мақомоти милитсия бо қишрҳои гуногуни ҷомеа 21 687 вохӯриву суҳбатҳо ташкил ва гузарониданд, ки  пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои террористӣ - экстремистӣ дошта, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат, суботи ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавзӯи меҳвари суҳбату мулоқотҳоро ташкил дод. 

Дар давраи ду моҳи сипаришудаи соли 2020 бошад 5 119 ҳамингуна суҳбатҳои тарбиявӣ ташкилу гузаронида шудааст.

Бо иштирок дар чунин мулокотҳо ҷаҳонбинии ҷавонон фаъол гашта, бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, унсурҳои халалдорсозандаи амнияту субот дастаҷамъона паҳлу ба паҳлу бо намояндагони мақомотҳои хифзи ҳуқуқ мубориза мебаранд.

Ҷавонони гурӯҳи «Авангард» аз қишри фаъоли ҷомеа ҳастанд, ки ҳамсолони худро ба роҳи илмомӯзӣ, тарзи ҳаёти солим ва мудофиа аз арзишҳои милливу худшиносӣ талқин ва то андозае дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу равияҳои хусусияти экстремистӣ - террористӣ дошта саҳм мегиранд.

Хело хушоянд аст, ки имрӯзҳо сафи чунин чавонон меафзояд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд муяссар шуд, ки дар замири афроди гумроҳзада дарки хатогӣ ва интихоби роҳи дуруст дар зиндагиро бедор ва онҳоро ба оянда хушбин намояд. Барои ба ҳаёти осоишта баргардонидани ҷавонони гумроҳзада, пайравони равияҳои хусусияти ифротӣ дошта мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо истифода аз ҳамингуна усулҳои сабукидиҳанда натиҷаҳои назаррасро ба даст овардааст, ки метавон ин тадбирро роҳи пешгирӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон унвон кард.

Дар соли 2019 бо роҳи гузаронидани сӯҳбату вохӯриҳои боварибахш бо падару модарон ва наздикони аъзоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва равияҳои динии хусусияти экстремистидошта якчанд афроди бо ҳамин ҷурм гумонбар бо изҳори пушаймонӣ аз дохил ва хориҷи кишвар ба Ватан баргашта, ихтиёран ба ҷузъу томҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҳозир ва бо ариза муроҷиат намуданд.

Ҳамаи нафарони ихтиёран ҳозиршуда бо татбиқи моддаҳои 72 ва 84, эъзоҳи моддаҳои 307 иловаҳои 1, 2 ва 3, 401 ил. 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Давоми соли 2020 бошад ҳамин усули корбарӣ идома ёфта истодааст.

Чунончӣ, кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ашт ҷустуҷӯшаванда шаҳрванд Аббосов Насрулло Абдуллоевич, соли таваллудаш 1970, сокини деҳаи Сарои ҷамоати деҳоти Понғози ҳамин ноҳияро, ки дар асоси моддаи 307 иловаи 3 КҶ барои пайрави ба равияи динӣ - экстремистии салафия нисбаташ моҳи майи соли 2017 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, расман дар кофтуков қарор дошт, ба Ватан баргардониданд. Давоми ду соли охир бо мақсади ҷалб нагардидан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ гумонбаршуда Н.Аббосов ба муҳоҷират рӯй оварда буд. Падари у тавсия ва даъвати кормандони  милитсияро пазируфта, фарзандашро аз мулки ғарибӣ баргардонид.

Ба ҳамин монанд, дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба кормандони ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров муяссар шуд, ки ҷустуҷӯшаванда Дадоҷони Муҳаммад, сокини ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияро, ки давоми соли 2016 ҷинояти  дар моддаи 307 иловаи 3 КҶ фаъолият дар ташкилоти экстремистӣ содир намуда, дар хориҷа паноҳ мебурд, ба Ватан баргардонанд.

Мусаллам аст, ки амалҳои террористӣ пеш аз ҳама ҳаёти орому осоиштаи моро халалдор месозад. Амалҳои террористии дар ин ё он гӯшаи олам содиршуда ҳушдорамон медиҳад, ки нисбати ин тамоюл бетараф набошем, ба душманони миллат, ба фурӯхташудагони ғояҳои ифротгароӣ муқовимат намоем, то ин ки давлатамон осоишта бошад ва мардумаш зиндагии арзандаро пеш баранд.

Бахтиёр МАМАДОВ,
сардори шуъбачаи ШКҶ Раёсати ВКД
дар вилояти Суғд майори милитсия

Add comment


Security code
Refresh