ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД АЗ 16 МАРТИ СОЛИ 2020, № 107

ҚАРОРИ

РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД

аз 16 марти соли 2020, № 107 шаҳри Хуҷанд

Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002

ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои апрел – майи соли 2020-03-19 

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2020, №1466 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993 – 2002» қарор мекунам:

1. Моҳҳои апрел ва майи соли 2020 дар вилоят даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки то рӯзи даъват ба синни 18 - солагӣ мерасанд, инчунин шаҳрвандони синну солашон калон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шаванд.

2. Барои роҳбарӣ, назорат ва ташкили фаъолияти комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо комиссияи даъватии вилоятӣ таъсис дода шавад.

3. Комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки рӯйхати даъватшавандагони аз хизмати ҳарбӣ саркашинамударо тартиб дода, барои кофтукоб ва ба комиссияи даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳозир намудани онҳо ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намоянд, дар мавриди зарурӣ рӯйхатро барои андешидани чораҳо ба прокуратураи маҳаллӣ пешниҳод намоянд.

4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вазифадор карда шавад:

- ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо тибқи тартиби муқарраршуда ёрии амалӣ расонида, нисбати шахсоне, ки аз даъват ба хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, мувофиқи дархости хаттии комиссариатҳои ҳарбӣ чорабиниҳои кофтукобӣ гузаронида, боздошт намоянд;

- барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар нуқтаи ҷамъшавии вилоятӣ ва атрофи он, инчунин бо мақсади муташаккилона ҷамъ овардани даъватшавандагон ба истгоҳи роҳи оҳан шаҳраки Ғафуров ва корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» шумораи муайяни кормандони милисаро сафарбар намояд;

- барои гусели даъватшавандагон ба ҷойҳои таъиншуда тибқи дархости комиссариати ҳарбии вилоят дар рӯзи гусел нақлиёти махсус ва кормандони хадамоти бозрасии давлатии автомобилиро сафарбар намояд.

5. Ба Сарраёсати молия дар вилояти Суғд супурда шавад, ки тибқи дархости комиссариати ҳарбии вилоят аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад барои соли 2020 пешбинишуда маблағи заруриро сари вақт ҷудо намояд:

6. Раёсати тандурустии вилоят вазифадор карда шавад:

- шумораи зарурии табибон – мутахассисон ва таҷҳизоти тиббиробарои гузаронидани муоинаи тиббӣ ва азназаргузаронии даъватшудагон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмин намояд;

- дар ҳолати нарасидани табибон – мутахассисон ба ҳайати комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои вилоят табибон – мутахассисонро дар асоси дархости комиссариати ҳарбии вилоят сафарбар намояд.

7. Дар асоси моддаи 23-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» барои ташкил намудани даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ раиси шаҳр ё ноҳия масъул аст ва ӯ бояд дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ чорабиниҳои зеринро ҳатман амалӣ намояд:

- раиси комиссияи даъватӣ (муовини раиси шаҳр ё ноҳия), ҳайати комиссияи даъватӣ ва тиббиро дар давраи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ аз иҷрои ӯҳдадориҳои асосии хизматӣ озод намуда, иштироки онҳоро дар ҷараёни фаъолияти комиссия пурра таъмин намояд;

 - комиссариатҳои ҳарбиро бо нуқтаҳои муҷаҳҳази даъватӣ таъмин намояд;

 - барои муташаккилона ба нуқтаҳои даъватии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо расонидани даъватшудагон воситаҳои зарурии нақлиётро ҷудо намояд;

 - нисбати шахсоне, ки оид ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар ташкил ва гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ хунукназарӣ зоҳир мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешад;

 - барои ҳавасмандгардонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон онҳоро бо сарулибоси якхела ва тӯҳфаҳои хотиравӣ таъмин намояд;

 - ба комиссариатҳои ҳарбӣ дар асоси сметаи хароҷот барои муташаккилона гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намуда, гусели тантанавии даъватшудагонро бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговар – интернатсионалистон ва муҳофизони сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оростани дастурхони идона, таъмин намояд.

 8. Раёсати фарҳанги вилоят якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

 - барои дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани маъракаи гусели тантанавии даъватшавандагон чораҳои зарурӣ андешад.

 9. Ба шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва муассисаи давлатии «Идораи нақлиёти Хуҷанд» супурда шавад, ки комиссариати ҳарбии вилоятро, тибқи дархост, барои кашонидани даъватшудагон аз нуқтаи ҷамъшавии даъватшавандагони комиссариати ҳарбии вилоят то истгоҳи роҳи оҳан, корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилояти Суғд бо нақлиёти мусофиркаш таъмин намояд.

 10. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати» ва «Согдийская правда» ҷараёни даъвати тирамоҳӣ ва тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстии ҷавононро дар байни аҳолӣ васеъ тарғибу ташвиқ намоянд.

 11. Қарори Раиси вилояти Суғд аз 19 сентябри соли 2019, №406 «Дар бораи даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992 – 2001 ба хизмати ҳарбӣ дар моҳҳои октябр – ноябри соли 2019» аз эътибор соқит дониста шавад.

 12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода гузошта шавад.

 

 Раиси вилоят                         Раҷаббой Аҳмадзода

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh