Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат сарони давлатҳо  маҷмӯи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва муносибатҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар робита ба ин  президентҳо ба  хатари ба таври бесобиқа паҳн гардидани коронавирсуи нав  ва вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳонӣ, ки дар натиҷаи ин зуҳороти хатарбор ба вуқӯъ пайвастааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ба ин манзур зарурати идомаи ҳамкориҳои зич дар ҳалли масъалаҳои гирифтани пеши роҳи паҳншавии фаромарзии минбаъдаи ин бемории сироятӣ ва аҳаммияти ҳамоҳангии бештари талошҳои муштарак дар минтақа ба хотири роҳ надодан ба таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишвар, инчунин тақвият бахшидан ба ҳамдастиву дастгирии  дохилиминтақавӣ таъкид гардид.

Вобаста ба ин Сарвари давлати мо омодагии  ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати дар ин ҷода роҳандозӣ намудани иқдомҳои муштарак бо ҳамаи кишварҳои минтақа иброз дошт.

Дар рафти сӯҳбат президентҳо ҳамчунин ҷанбаҳои мухталифи масъалаҳои рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Зимнан зарурати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи муштарак ва гурӯҳҳои кории ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ  махсус таъкид карда шуд.

Add comment


Security code
Refresh