Хоин Ватан надорад!

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯбарӯ  гаштааст,  ки  номи он терроризми  байналмилалӣ аст. Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони муосир ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш гардидааст. Имруз, терроризм дар минтақаҳои гуногуни олам доман афрохта, хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ эҷод намуда истодааст.

Тибқи маълумотҳо имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 созмонҳои террористӣ амал мекунанд, ки аксари онҳо зери ниқоби дини ислом фаъолият мебаранд.

Аз ҷумла дар кишвари мо низ чунин ташкилот ТТЭ ҲНИ мутаассифона дар солҳои 90-ум боиси саршавии ҷанги таҳмилӣ гардида, сабабгори нооромӣ ва саргардонии мардум  шуд. Дар ин миён хиёнате, ки ТТЭ ҲНИ баҳри халқу миллати мо тоҷикон карданд, ҳеҷ нобахшиданист.

Ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИ аз замоне, ки бунёд ёфт, ба ҷуз ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯйӣ, дигар коре барои давлату миллати тоҷик накардааст.  ТТЭ ҲНИ барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини ислом сӯиистифода намуда, бо фиребу найранг афродеро ба сӯи худ фирефта карда, нанг ба номи миллату ислом оварда, дар ватани маҳбубамон ҷангу хунрезӣ намуд. Имруз ТТЭ ҲНИ дар қатори ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ шомил гардида ва мехоҳад, ҷомеаи орому осудаи кишварро ноором созад. Аммо ба ин нақшаи бешарафонааш мушарраф нахохад гардид. Зеро бо ин созмон бештар хоинони Ватан аъзо буда, душмани асоси миллату давлати тоҷик гардиданд. Ғояи асоси ТТЭ ҲНИ аз аввал моҷароҷӯӣ буду бас. Махсусан, амалҳои разилонаи худро  бори дигар моҳи сентябри соли 2015 содир карда, исбот карданд, ки ба сарзамини худ аз аввал душманӣ доштанд ва

Самандар РӮЗИЕВ,
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh