Тадбирҳои нишонрас - алайҳи терроризм!

Терроризм ва экстремизм сарчашма, барангезандаи ҷаҳолат, торикию вайронӣ, харобкунандаи ақлу хирад, бавуҷудоварандаи нооромию бесуботӣ, тиракунандаи фазои орому осудаи зиндагӣ, офарандаи рӯзҳои сахту шум баҳри инсоният мебошад. Мақсади асосии терроризм дар ҳолати нооромӣ нигоҳ доштани аҳолии осоишта буда, барояш мафҳуми адлу инсоф, раҳму шафқат бегона аст, меъёрҳои ахлоқӣ, арзишҳои умумибашарӣ вуҷуд надорад. Фаҳмиши тангу маҳдуд,  хашму ғазаб хоси терроризм асту оқибати амалкардҳои он фоҷиабор.

Таърих гувоҳ аст, ки доҳиҳо, лашкаркашони бузург сиёсатмадорон даҳҳо шахсиятҳои барҷаставу нотакрори кишвари соҳибистиқлоли мо қурбони ҷаҳолати террористон гардидаанд.

Нобасомониҳои имрӯзаи ҷаҳон, истифодаи зӯрӣ ва яроку аслиҳа ба ҷойи гуфтушуниди мусолиҳатомез, истифодаи фишангҳои сиёсию иқтисодӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни байнидавлатӣ, қудратталабии баъзе аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон, зери қанот ва ҳимояи худ гирифтани қувваҳои ифротӣ аз ҷониби баъзе давлатҳо ҷомеаи ҷаҳониро сахт ба ташвиш овардааст. Пешгирӣ, решакан ва аз байн бурдани терроризм муташакккилу муттаҳид будану аз як гиребон сар баровардани ҳама қувваҳои солими ҷамъиятро тақозо дорад.

Вазъияти хатарноки имрӯзаи кишварҳои Шарқи Наздик ҳар инсони соҳибақлро ба фикру андеша водор менамояд.

Қувваҳои ахриманӣ, ҳайвонсурату ҳайвонсифати ба сар ниқоби озодипарастӣ ва ҳимояи ҳуқуқи инсонгирифта вазъиятро боз ҳам нооромтару муташанниҷ карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, муборизаи оштинопазири зидди терроризм амалиёти якҷояи тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро талаб менамояд. Тоҷикистон дар ин радиф дар сафи пеш қарор дорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм», барномаҳои тарбиявӣ ва санадҳои меъёрӣ дар самти маърифатӣ - ҳуқуқӣ қабулгардидаро бо мақсади таъсир расонидан ба шуури ҷавонон, роҳ надодан ба ҷалб шудани онҳо ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ ва риояи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон амали мекунад. Азбаски ташкилоту созмонҳои ифротӣ бо ваъдаҳои бардурӯғ бештар ҷавононро роҳгумм ва ба сафи хеш ҷалб менамоянд, моро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, инсонпарварӣ, оштинопазир будан нисбати ҳама гунна падидаҳои номатлубу муғризона ва бегонапарастӣ тарбия намоем.

Онҳоро ба донишандӯзӣ, машғул шудан ба варзиш, тарзи ҳаёти солим раҳнамун созем. Барояшон дари муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ доимо боз бошад, муҳайё намудани шароиту имконияти меҳнату истироҳат, ҷойҳои корӣ, тайёр намудани ҷавонон ба касбу корҳои дар бозори меҳнат талабот дошта, дастрасӣ ба ҳунаромӯзӣ мавҷуд будани муҳити солими оилавӣ ба манфиати кор мебошад. ҳамаи бачагон ба таҳсилу омӯзиш бояд фаро гирифта шаванд.

Риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимати бо экстремизм», ҳимоя кардани манфиатҳои халқу давлати тоҷикон маҳаки фаъолият ва зиндагии ҳамагон қарор гирад.

Ақлу хирад, маърифату дониш, ташвиқоту тарғиботи нишонрасро ба терроризму экстремизм муқобил гузорем.

Зиракии сиёсӣ доштани ҷавонон яроқи асосӣ ва сади мустаҳкам ва пурқувватест алайҳи терроризм.

Ҷӯра ДОВУДХОНОВ,
аъзои ИЖ ҶТ

Add comment


Security code
Refresh