ҶАВОНОНРО БА РОҲИ МУНАВВАРИ ВАҲДАТУ ХУДОГОҲӢ ҲИДОЯТГАР БОШЕМ!

Дар зарфи 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ҳукумати мамлакат баҳри баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбия, касбу илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, воқиф будан аз технологияҳои муосир тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда, заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст, зеро ҷавонони ободгари Ватан соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд.

Аммо яке аз мушкилоти имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Боиси таассуф аст, ки бархе аз ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳои ифротгаро шомил шуда, ҷони ҷавони худро қурбон мекунанд. Аз ин хотир баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бояд падару модарон масъулият эҳсос намоянд.

Ҷавонон қувваи бузург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон аз ҷавонони худ умеди нек мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар кадом муҳите, ки ба воя расанд, мувофиқи он дар ҷомеа амал мекунанд. Ин аст, ки бояд ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ тарбия ёбанд. Имрӯз масъалаи тарбияи ҷавонон дар мадди назари ҳукумати кишвар қарор дорад.

Агар ҷавонон дониши босифат нагиранд ва ба худ ҷои муносиби корӣ барои татбиқи илму дониши бадастовардаи худ дар Ватан пайдо карда натавонанд, эҳтимолияти фирефта шудан аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ ва шомил шуданашон ба гурӯҳҳои тундрав ба миён меояд. Дар ин ҳолат ин гуна афрод ба як хатари мудҳиш барои ҷомеа табдил меёбанд.

Албатта, дар ҳама кишварҳо имконияти дониши босифат гирифтан ва кори хуб ёфтан барои ҷавонон фарқ мекунад ва агар ҷамъияти имрӯзаи мо чунин имкониятҳои заруриро барои онҳо муҳайё карда бошанд ҳам, аммо худ бояд ҷӯянда, ёбанда, созанда бошем. Баҳри пешрафту такомули ҳамаҷонибаи худ барои худ шароит муҳайё созем.

Гарчанде ки ҷавонон қувваи бузург шуда метавонанд, вале қувваро танҳо дар ягонагӣ ва ҳамроҳ будан пайдо кардан мумкин аст. Бинобар ин андешаву хулосаҳо моро водор мекунад, ки бо ҳамкориву ҳамоҳангсозӣ фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро ба хотири баландбардории сатҳи маърифати ҷавонон, ки фардои миллат аз онҳо вобастагӣ дорад, рушд диҳем. Бояд таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарварӣ, илму фарҳангдӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бояд дар мадди аввали эътибор бошад.

Сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро хело зиёданд. Ба ин масъалаи доғи рӯз агар аз назари геополитикӣ назар намоем, кишвари мо дар маркази меҳварии минтақа қарор гирифтааст.

Аз ин хотир табиист, ки ҳар кадом аз давлатҳои абарқудрат саъй хоҳад кард, то манфиатҳои сиёсӣ ва арзишҳои идеологии худро дар давлати навбунёди мо пайгирӣ намояд.

Бо вуҷуди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дастёбӣ ба шабакаи иттилоотии ҷаҳони муосир ва дигар дастовардҳо дар кишвар бархе ҷавонони соддаву зудбовар хабар надоранд, ки роҳбарони пасипардагии ҳизбҳои гумроҳкунанда кистанд, онҳо чӣ ҳадафҳо доранд.

Имрӯз падару модарон бояд аз ин гуна зуҳуроти нангин фарзандонашонро эмин доранд ва ононро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоянд. Ҳар як фарзанди ин сарзамин бояд ба қадри Ватан - Модар бирасад ва арзишҳои миллии мардуми тоҷикро ҳифзу эҳтиром намояд.

Ҳар як падару модар бояд бохабар бошад, ки он фарзандоне, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ҳастанд, чӣ гуна шароити будубош доранд. Аз онҳо талаби зиёди пулу мол накунанд, зеро ин омил низ ҷавононро маҷбур месозад, ки даст ба кирдорҳои ношоиста зананд.

Мо, аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро агар маҳкум накунем, пеши паҳншавии ин равияро нагирем, фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ зиёд хоҳанд шуд.

 Имрӯз ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои марбута тамоми тадбирҳои судмандро барои аз байн бурдани ин омилҳои номатлуб андешида истодаанд. Ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.

Вобаста ба пешгирии ҳолатҳои терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди ҳурофотпарастиву ифротгароӣ, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар руҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби ақидаи солим дар байни ҷавонон самти афзалиятноки фаъолияти ҳар як ташкилоту муассисаи таълимӣ ва падару модарон бояд қарор бигирад.

Барои пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротгаро ҷавонони мо бояд, пеш аз ҳама, маърифати созанда дошта бошанд, бояд ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст ба дасти ҳам диҳем ва дастаҷамъона ҷавонони кишварро ба шоҳроҳи мунаввари ваҳдату худогоҳӣ ҳамроҳӣ намоем.

Ш.ВАЛИЗОДА,
сокини шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh