МАКТАБИ ҶАСОРАТУ ШУҶОАТМАНДӢ

Истиқлолият дар таърихи созмони мудофиавии Тоҷикистон саҳифаи нав ва марҳалаи тозаи тағйироту пешрафтҳои навро боз намуд. Бо шарофати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки саросари кишвари маҳбуби моро ба арсаи азму талош, ташаббусу созандагӣ, ободониву шукуфоӣ табдил додаанд, кормандон ва аъзои ҷамъияти ватандӯстони Тоҷикистон тавонистанд, эътибор ва шукӯҳи Ташкилоти ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи кишварро боло бардошта, ба созмони пешқадам мубаддал гардонанд.

Кумитаи вилоятии Ташкилоти Ҷамъиятии Мададгори Мудофиаи вилояти Суғд ва кумитаҳои шаҳриву ноҳиявии он ҷиҳати таъмини иҷроиши ҳадафҳои ойинномавии ташкилот баргузории чорабиниҳои тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ, ба хотири омода намудани мутахассисон соҳаҳои ба артиш зуруриро бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят хуб ба роҳ мондааст.

Чунин ҳамкориҳо барои мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ – техникии ташкилот омили муҳим ба ҳисоб мерафт. Дар натиҷа бошишгоҳи варзиши тирандозии вилоятӣ ва филиали клуби миллии ҳавопаймоӣ дар шаҳри Бӯстон таъмиру таҷдид гардида, дар он парашютҳо, картингҳо ва дигар лавозимоти зарурии таълимию варзишӣ харида шуд. Ташкилот имрӯз дорои заминаи мустаҳками техникӣ буда, дар атрофи худ аъзои ихтиёри чусту чолокро муттаҳид сохтааст. Ҳамасола барои пурра намудани сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар садҳо нафар ҷавони матиниродаро барои мудофиаи Ватан омода ва шомили артиш мегардонад, - мегӯяд Турсунмурод Қайюмов корманди ташкилот.

Кумитаи вилоятии ТҶММ - и Суғд баҳри тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии ҷавонону наврасон, алалхусус дар байни ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ нақшаи чорабиниҳои таблиғоти ҳарбӣ - ватанпарастӣ таҳия намуда, дар доираи он як зумра корҳоро амалӣ менамояд. Аз ҷумла, ба муносибати Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои ҳарбӣ - варзишӣ ва чорабиниҳои мухталифи тарғиботию тарбиявӣ барои ҷавонону наврасон, алалхусус аъзои ин кумита ташкил шуд.

Бо мақсади мусоидат намудан баҳри тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ҳарбӣ - ватанпарастӣ, садоқат ба Ватан, омодагӣ барои ҳимояи марзу буми меҳани хеш аз ҷониби ин ташкилот чорабиниҳои гуногун бо иштироки собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист баргузор намуда, ҳисси меҳанпарастии ҷавононро бедор месозанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки кумитаҳои шаҳриву ноҳиявии ТҶММ-и вилояти Суғд низ барои ташкил ва баргузории чорабиниву мусобиқаҳо фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумлаи чорабиниҳо шинос намудани ҷавонони синни тодаъватӣ бо шароити хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита дар қисмҳои низомӣ, вохӯрии ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватӣ бо собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷанговарони байналмилал ва муҳофизатгарони сохти конститутсионӣ ҷамъомадҳо баргузор мегардад, - гуфт номбурда. Мактаби муттаҳидаи техникӣ дар шаҳри Хуҷанд яке аз мактабҳои ТҶММ буда, дар он ҷавонмардони хоҳишманди синни то даъватӣ нозукиҳои касбҳои гуногунро меомӯзанд.

- Базаи моддию техникии ин муассиса хуб буда, дар он беҳтарин таҷҳизот гирд оварда шудааст. Ҳадаф ва мақсади ягонаи мактаби мазкур ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намуда, барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун ронанда, ронанда - механик омода кардан аст. Ба ғайр аз ин боз аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтаҷриба нозукиҳои қадамзании ҳарбӣ, картингронӣ ва идора намудани парашютро меомӯзанд, - мегӯянд масъулин.

Имрӯз Кумитаи вилоятӣ дорои мактаби муттаҳидаи техникӣ, мактаби ронандагӣ, клуби минтақавии ҳавопаймоӣ, кумитаи шаҳрӣ, кумитаи ноҳиявӣ ва ташкилоти ибтидоии ҳуқуқи кумитадоштаи ТҶММ мебошад, ки сафи онҳоро ҷавонони матиниродаву ватандӯст пурра мекунанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh