Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро ба имзо расониданд

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои номбурда бо мақсади рушди хизматрасониҳо дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва ӯҳдадориҳои мақомоти хизматрасон, инчунин амалӣ намудани фаъолиятро дар самтҳои дигари соҳаҳои хизматрасонӣ танзим менамоянд.

Қонунҳои ба имзорасида дар маҷмӯъ барои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.

Add comment


Security code
Refresh