Бадгуҳару тангназар ба мурод нахоҳад расид

Имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон зуҳуроти терроризм ва экстремизм, ки ба марги одамони бегуноҳ оварда мерасонаду модаронро бе фарзанд, одамонро бе сарпаноҳ, тифлонро бе волидайн мегардонад, мавриди интиқоди шадид қарор дорад. Ҳодисаҳои рухдода дар мамлакатҳои араб бозгӯи гуфтаҳои болоист.

Пеши роҳи ин амали зишт ва ваҳшиёнаро нагирифтан, майдони фарох кушода додан ба густариши он, бахусус терроризм ва экстремизми динӣ, ифротгароии мазҳабӣ боиси ҳалокати садҳо нафари бегуноҳ мешавад. Бетарафӣ дар ин масъала баробари бо дасти худ ба марг ҳукм намудани оянда мебошад.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ борҳо хостанд, фазои Тоҷикистонро гурӯҳҳои ҷудогона ноором созанд.

Нахустин гурӯҳҳои террористӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар солҳои 1992, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ пайдо шуданду яке аз ҳадафҳои онҳо нобуд кардани гурӯҳи сиёсии тарафи муқобил буд. Соли 1994 бошад, бо оғоз шудани гуфтугӯҳо бобати истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ин гурӯҳҳо ба худ нақши ҷудоиандозӣ ва муташанниҷ кардани вазъро гирифтанд.

Маҳз, дар ҳамин замина дар қатори садҳо ҳазор қурбоншудагон ҷавҳари зиёиёни кишвари мо кушта шуданд.

Бо дарки муҳим будани мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ, ки фазои орому осудаи кишварро ноорому рушди мунтазами иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистонро бозмедорад, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра корҳоро ба сомон расонид ва низ расонида истодааст. Аз ҷумла, ҳамаи шартномаҳо ва санадҳое, ки фаъолияти террористиро дар арсаи байналмилалӣ манъ месозад, эътироф ва ба имзо расонида, барои сари вақт дар амал татбиқ шудани онҳо чораҳои қатъӣ меандешад.

Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ моҳи ноябри соли 1999 қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» қабул гардид. Бар замми ин Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шуд.

Бо вуҷуди ин, ҳоло дар ҷомеа афроде ёфт мешаванд, ки ба қадри тинҷиву оромӣ нарасида, сулҳу суботи кишварро халалдор карданӣ мешаванд ва нафарони гумроҳро ба доми худ мекашанд. Онҳо оддитарин мушкилоти ҷомеаро сарчашмаи ҳамаи «бадбахтиҳо» нишон доданӣ мешаванд ва дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолиро нодида мегиранд.

Имрӯз бархе ҷавонони гумроҳ дар задухӯрдҳои кишварҳои ҷангзада иштирок доранд.

Аксари онон ҷавононе мебошанд, ки бино бар надонистани оқибати ин амалашон он ҷо рафтаанд, аммо имрӯз аз ин амали хеш пушаймонанд.

Яке аз қувваҳое, ки байни мардуми кишвар ба ҷудоиандозӣ мекӯшад, ин ТТЭ ҲНИ аст, ки мақсадҳои ғаразноки онҳоро мардуми ваҳдатшиори мо кайҳо дарк кардаанд. Ин қувваҳое, ки пешравии кишвари мо, фазои ободу озоди моро чашми дидан надоранд, дар давлатҳои хориҷа маскан гузида, аз пулҳои ҳангуфти хоҷагонашон истифода мебаранд. Ҷавонони мо бояд донанд, ки созмони “Паймони миллӣ” ва ҲНИ танҳо як ҳадаф доранд, -тинҷиву оромии кишварамонро боз халалдор карда, тафриқаандозӣ намудан.

Ба ин нафарон гуфтанием, ки мардуми мо як бор талхиву заҳри ҷанги бемаъниро чашид ва дубора он рӯзҳоро дидан намехоҳад. Беҳтарин неъмат ин сулҳу осоиш аст. Давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар мадди аввал гузоштааст. Барои беҳбудии вазъи таълиму тарбия сол то сол иқдомҳои ҷадиду қатъӣ гузошта шуда истодааст. Баёни гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар кишвар беш аз 39 муассисаҳи олӣ барои ҷавонон ба хотири ояндаашон фаъолият мебаранд. Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар беш аз 2 ҳазор мактабҳо бунёд шудаву дари садҳо кӯдакистонҳо барои кӯдаконамон боз шуданд. Магар ин худ гувоҳи ғамхориҳои давлат нест?!

Ҳар яки мо – сокинони кишварро зарур аст, ки алайҳи ин падидаи хатарзо - терроризму экстремизм муборизаи ҳамҷоя барем.

Нагузорем, ки ҷавонони мо ба гурӯҳу ҳаракатҳои гуногун шомил шаванд. Зеро Ватани моро ба ҷуз худи мо каси дигар обод, ҳифзу ҳимоят намекунад.

Якпорчагии Тоҷикистони азиз, фазои осудаву ором ва рушди иқтисодиёташ боиси ҳаёти хурраму обод ва дастархони пурнозу неъмат мебошад.

Ҳамон вақт омӯзгор дар мактаб аз пайи таълими муҳассилин мешавад, ки ба фардои дурахшон боварӣ дошта бошад. Қомати болои пирон, хонаи ободи наварӯсон, хандаи тифлона аз ҳар гӯшаву канор танҳо дар фазои орому осуда ба миён меояд. ҳамаи ин корҳо бе ширкати дастаҷамъонаи мо алайҳи зуҳуроти номатлуб дастрас нахоҳад шуд.

Гулрухсор ГАДОЕВА,
омӯзгори забонҳои хориҷии
МТМУ № 3-и шаҳри Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh