Оқибати гумроҳӣ – хиёнаткорӣ

Солҳои навадуми асри гузашта барои мардуми тоҷик солҳои вазнин буданд. Нобасомониҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби бархе гурӯҳҳо сар зада буданд, ба сари мардуми заҳматкаш нооромиҳои зиёдеро овард. Хушбахтона, бо гузашти солҳо муаммоҳо паси сар, мушкилот рафъ ва офтоби шӯълапош нурафшону ҷомеа бурдборонаю бо азму ғайрати дучанд ва сулҳу салоҳ барои ояндаи дурахшон хизмат менамояд.

Мутаассифона, имрӯзҳо ҷомеаи моро як зумра хоинони Ватан, ки дар сар андешаи ноором кардани сулҳу суботи кишварро доранд, халалдор месозад. Халқи мамлакат, бахусус, наврасону ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ гашта, ҷомеаро доғдор ва тинҷии мардумро халалдор насозанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки самти характерноки амали гурӯҳҳои ифротӣ гумроҳ кардану ба хиёнаткорӣ водор сохтани ҷавонони сустирода аст.

Мардуми соҳибмаърифати кишвар бояд дарк намояд, ки сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун арзёбӣ гашта, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ, ноогоҳӣ аз таърихи кишвару миллати худ метавонад, ақидаҳои эктремистию террористиро дар замири насли ҷавон ҷойгир созад. Бо дарки амиқи масъулиятшиносию ватандӯстӣ эҳсос бояд кард, ки дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ танҳо ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар ҷаҳон ва минтақа манфиатдоранду бас. Зеро онҳо медонанд, ки кор кардан миёни ҷавонон басо осон буда, нафарони сустирода ба зудӣ ба домашон меафтанд ва аз ин рӯ, чунин андешаҳоро, алалхусус миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Нодида гирифтани рафтори ношоистаи ҷавонон аз ҷониби аҳли ҷомеа, гузашт кардан ба қадамҳои хатои онҳо, беэътиборӣ ба рафторашон оқибати ногувореро хоҳад овард. Насли калонсол, аҳли ҷомеа, омӯзгорону тарбиятгаронро мебояд, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани волидон, наздикону пайвандон аз ҳоли фарзандони онҳо бохабар шаванд, беаҳамияту бепарво набошанд, ҷавононро беназорат нагузоранд, зеро қадами кӯтоҳтарин метавонад, сабабгори он гардад, ки ҷавонон ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ афтанд.

Падару модаронро мебояд, ки барои амалӣ шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тадбирҳои судманд андешида, фарзандонашонро дар рӯҳияи ватандӯстию инсонпарварӣ тарбия намоянд.

Cурайё ҚОДИРОВА,
омӯзгори МТМУ №26-и
ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh