Мардумро ба воҳима наандозед!

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо бо сабаби паҳн шудани пандемияи КОВИД-2019 дар ҷаҳон дар аксар кишварҳо вазъияти фавқуллода эълон шудааст ва баҳри пешгирии ин беморӣ талош мекунанд. Дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст, лек чораҳои пешгирӣ аз он пурзӯр гардонида шудааст, то ин вирус ба ҳаёти сокинон таъсир нарасонад.

Лек ҳастанд, нафароне, ки ба хотири манфиатҳои худ ва хоҷагони хориҷияшон аз ин ҳолат сӯиистифода мекунанд ва кӯшиш мекунанд, мардумро ба таҳлука андозанд. Имрӯзҳо бо роҳбарии Кабирӣ талош меварзанд, то ин миллатро ба сарсонӣ кашанд. Зеро тавре хуб медонем, мақсади аслии ин палидон бо ҳар роҳе хиёнат ба Ватану миллати мо мебошад ва мо набояд ба ин шайтонсиратон бовар кунем. Имрӯз дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, лек набояд аз эҳтиёткорӣ даст кашид, зеро ҳамон риояи гигиенаи шахсӣ беҳтарин роҳи пешгирӣ аз ҳама гуна вирусу маризист.

Лек, он ки имрӯз чанде аз аъзои ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ воҳима мекунанд, ин бефаросатии ин тоифа аст. Зеро дар ягон ҷойи дунё нашудааст, ки аз пандемия ва ё худ мусибати ба сари инсоният омада бар нафъи худ сӯиистифода кунанд.

Кабирӣ бехабар аз он, ки дар кишвар ҳама чораҳо баҳри пешгирӣ аз беморӣ андешида шудааст, боз ҳам талош мекунад, ки аз худ як донишманд муаррифӣ кунад.

Ба ҳар ҳол имрӯз, ки дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, ки ин ҳам бахти мо мебошад.

Алабатта, ин хабар имрӯзҳо наҳзатиёни малъунро нороҳат кардааст ва онҳо ба хотири гумроҳ кардани миллат талош мекунанд. Аз ин рӯ, шаҳрвандони кишварро зарур аст, ки ба ҳар сафсатаву ҳар гуна маълумоти бардурӯғ таваҷҷуҳ накунанд ва барои эҳтиёт чораандешӣ намоянд, пеш аз ҳама тозагӣ, озодагӣ гигиенаи шахсиро риоя кунанд.

М.АБДУСАЛОМОВ,
омӯзгори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии
Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh